14 -15 август Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 14 ва 15 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд баргузор мегардад.
Дар доираи ин чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ рӯзҳои 14 ва 15 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ растаю хаймаҳои вилояти Суғд ташкил гардида, барои сокинону меҳмонони пойтахт ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва озуқаворӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, барномаҳои фарҳангӣ ва бозиҳои варзишӣ пешкаш мешавад.
Ҳамчунин, 15 августи соли 2026 дар Маҷмааи «Истиқлол»-и пойтахт барномаи бошукӯҳи консертии ҳунармандони вилояти Суғд баргузор гардида, беҳтарин намунаҳои санъату фарҳанги бостонии Суғд манзури тамошобинон хоҳад шуд.
Аз тамоми сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе даъват ба амал меорем, ки дар Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд иштирок намуда, аз фазои идона, дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи рангини консертӣ баҳравар гарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ