Носир Ҳасанов – ҳунарманди маъруфи театру синамо (видео)
11 августи соли 1935 ҳунарманди маъруфи театру синамои тоҷик Носир Ҳасанов ба дунё омадааст. Ӯ тамоми умри пурбаракати худро ба санъати саҳна ва рушди фарҳанги миллӣ бахшидааст.
Носир Ҳасанов соли 1960 Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм карда, фаъолияти эҷодии худро дар саҳнаи театр оғоз намуд. Солҳои тӯлонӣ дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият намуда, дар рушди театри тоҷик саҳми арзанда гузошт.
Дар тӯли фаъолияти пурмаҳсули эҷодӣ ӯ беш аз 50 нақши хотирмон офаридааст. Қаҳрамонҳои ӯ гуногунранг буда, ҳар як образро бо маҳорати баланди ҳунарӣ, эҳсоси самимӣ ва дарки амиқи хислати қаҳрамон ба саҳна меовард.
Носир Ҳасанов дар синамои тоҷик низ саҳми назаррас гузошта, дар чандин филми маъруф нақшҳои хотирмон офаридааст.
Носир Ҳасанов 20 феврали соли 2021 дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ