Дастоварди хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалии зеҳни сунъӣ
Хонандагони Тоҷикистон бори аввал дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни зеҳни сунъӣ иштирок карда, соҳиби ду медал шудаанд.
Тавре Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳад, олимпиадаи сеюми байналмилалӣ аз фанни зеҳни сунъӣ (International Olympiad in Artificial Intelligence (IOAI-2026) дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа намояндагони 106 кишвари ҷаҳон иштирок карда, донишу маҳорати худро дар самтҳои муосири зеҳни сунъӣ санҷидаанд.
Иштирокчиён аз рӯйи дониш ва малакаҳои худ дар самтҳои омӯзиши мошинӣ, таҳияи моделҳои рақамӣ, ҳалли масъалаҳои алгоритмӣ ва барномасозии роботҳои худмухтор рақобат кардаанд.
Намояндагони Тоҷикистон дар ин олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби ду медал гардидаанд.
Ин аввалин иштироки хонандагони тоҷик дар чунин мусобиқаи байналмилалӣ аз фанни зеҳни сунъӣ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ