Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд.  Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст.

Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни шаҳрвандони Ӯзбекистон, ва Қирғизистон дар ҷойи дуюм қарор гирифтааст.

Дар ҷойи аввал Ӯзбекистон бо зиёда аз 1 миллион вуруди корӣ қарор дорад.

Қирғизистон бошад, бо 289 ҳазор вуруд ва коҳиши дар ҷойи сеюм мавқеъ гирифтааст.

Дар маҷмӯъ, шаҳрвандони ин се кишвар дар моҳҳои январ–июни соли 2026 барои кор тақрибан 2 миллион маротиба ба Русия сафар кардаанд, дар ҳоле ки дар ҳамин давраи соли 2025 ин нишондиҳанда зиёда аз 2,3 миллион буд.

Ба иттилои расонаҳо, пас аз ҳамлаи террористӣ ба «Крокус Сити Ҳолл» дар моҳи марти соли 2024 мақомоти Русия назорати қонунгузории муҳоҷиратро пурзӯр карда, як қатор маҳдудиятҳои навро барои шаҳрвандони хориҷӣ ҷорӣ намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *