Ҳушдори Хадамоти алоқа аз насби худсаронаи тақвиятдиҳандаҳои сигнали мобилӣ

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостааст, ки аз харидорӣ, насб ва истифодаи худсаронаи репитерҳо дастгоҳҳои тақвиятдиҳандаи сигнали алоқаи мобилӣ худдорӣ кунанд.

Ба гуфтаи ин ниҳод, таҷҳизоти ғайристандартӣ ё нодуруст танзимшуда метавонад ба фаъолияти шабакаҳои мобилӣ халал расонад. Дар натиҷа сифати зангҳо паст шуда, суръати интернет суст ва пайвастшавӣ қатъ шуда метавонад

Танҳо дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ мутахассисони Хадамоти алоқа дар 123 истгоҳи базавӣ халалҳои радиоро бартараф кардаанд.

Мақомот мегӯянд, истифодаи ғайриқонунии чунин дастгоҳҳо дар моҳҳои охир афзоиш ёфтааст.

Дар сурати паст будани сифати алоқа ё интернет, шаҳрвандон тавсия шудаанд, ки ба ҷои насби худсаронаи репитерҳо ба оператори мобилии худ муроҷиат кунанд.

Хадамоти алоқа инчунин ҳушдор додааст, ки барои фурӯш, насб ё истифодаи ғайриқонунии чунин таҷҳизот тибқи қонунгузорӣ чораҳои маъмурӣ андешида мешаванд.


.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *