Раҷаби Мирзо – журналист ва таҳлилгари маъруф (видео)

10 август – зодрӯзи журналист, таҳлилгар ва шореҳи маъруфи тоҷик Раҷаби Мирзо аст. Номбурда соли 1973 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро бо медали нуқра хатм карда, баъдан факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
 
Фаъолияти журналистиашро соли 1997 аз нашрияи «Суруш» оғоз карда, баъдан дар расонаҳои «Восточный экспресс», «Ҷумҳурият», «Чархи гардун» ва «Нерӯи сухан» фаъолият кардааст.
 
Ӯ муассиси ҳафтаномаи маъруфи «Рӯзи нав» буд, ки аз 7 августи соли 2003 то 25 августи соли 2004 ба нашр мерасид. Баъдан сармуҳаррири радиои «Имрӯз» ва сардабири рӯзномаи «Имрӯз-News» буд. Ҳамчунин, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз фанни «Журналистикаи сиёсӣ» дарс гуфтааст.

Раҷаби Мирзо яке аз чеҳраҳои шинохтаи журналистикаи таҳлилии Тоҷикистон аст. Ӯ бо сабки хоси таҳлил, матраҳ кардани масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ва пешниҳоди дидгоҳи мустақил ба рӯйдодҳои дохиливу байналмилалӣ маъруф шудааст.
 
Солҳои охир ӯ ҳамчун тренер фаъолият дошта, таҷрибаи касбии худро ба хабарнигорони ҷавон меомӯзад.

Раҷаби Мирзо барандаи унвони «Журналисти сол –  2004» ва Ҷоизаи «Эътимод»-и Шӯрои ВАО дар соли 2021 мебошад.
 
Ҳайати эҷодии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва хабаргузории Pressa.tj ҳамкасби худ, журналист, таҳлилгар ва шореҳи шинохта Раҷаби Мирзоро бо зодрӯзаш табрик гуфта, барояш саломатӣ, умри дароз ва комёбиҳои нави эҷодӣ орзу менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *