16 410 курсӣ донишҷӯёни худро интизоранд.

Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ, маълумот дод, ки 16 ҳазору 410 ҷой ҳанӯз холиянд ва  аз он 3813 ададро  бахши буҷавӣ ташкил медиҳад.

Тақсимоти такрории довталабон аз 19 то 22 август сурат хоҳад гирифт.

Дар нишасти матбуотӣ, Абдувосид Юлдошев, ёвари директори Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон гуфт, ки соли равон дар умум 96 ҳазору 541 довталаб ба қайд гирифта шуданд. Аммо аз ин миқдор 90 ҳазору 829 нафар ба имтиҳон ҳозир гардиданд. Бо гирифтани холҳои гузариш аз ҳамаи фанҳои дахлдор ҳамагӣ 69 ҳазору 200 нафар ё 76%-и довталабони ҳозиршуда роҳ ёфтанд.  Ва дар тақсимоти асосӣ бошад 48 ҳазору 734 довталаб комёб гардид.

Зимни нишаст, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон Хуршед Икромӣ,  зикр кард, ки барои бори дуюм баќайдгирии довталабон дар 10 шаҳру навоҳӣ нуқтаҳои азнавбақайдгирӣ ташкил карда мешавад: “Барои довталабон маҳдудият набуда, довталаб дар озмуни тақсимот дар нуқтаҳои бақайдгирие, ки ба макони зисташон наздик аст, метавонанд иштирок кунад”.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *