165 нафар бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ қадрдонӣ шуданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 25-уми август, ба 165 нафар намояндагони касбу соҳаҳои гуногун мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳо ва унвонҳои фахрӣ супорид.

Аз ҷумла, 7 нафар бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 10 нафар бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва як нафар бо унвони Арбоби ҳунари Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ҳамчунин, 12 нафар унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон гирифтанд.

Ду нафар бо нишони «Шараф» дараҷаи I, 18 нафар бо нишони «Шараф» дараҷаи II, 81 нафар бо медали «Хизмати шоиста» ва ду нафар бо медали «Шафқат» қадрдонӣ шуданд.

Ба 22 нафар низ медали ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ супорида шуд.

Илова бар ин, ба 10 нафар Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли 2026 дар соҳаҳои адабиёт, санъат, меъморӣ ва рӯзноманигорӣ тақдим гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *