Дар Хуҷанд зане бо гумони дуздии тилловорӣ боздошт шуд

Кормандони милитсия дар шаҳри Хуҷанд Насиба Камолова, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, маҳаллаи Буниҳисоракро бо гумони дуздии ҷавоҳирот боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, номбурда қаблан низ бо моддаи 244, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

Ба иттилои ВКД, ӯ баъди адои ҷазо «хулосаи зарурӣ набароварда, боз ба тасарруфи пинҳонии молу мулки ғайр, яъне дуздии тилловорӣ даст задааст».

Манбаъ мегӯяд, лаҳзаҳои марбут ба ҳодиса тавассути камераҳои назоратӣ сабт шудаанд.

Айни ҳол вобаста ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *