905 ҳазор метри мураббаъ манзил дар 7 моҳ
Дар Тоҷикистон дар моҳҳои январ – июли соли 2026 ҳамагӣ 905 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,9% зиёд мебошад.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Бештари ҳаҷми манзили нав дар вилояти Суғд – 313,3 ҳазор метри мураббаъ ё 34,6% аз ҳаҷми умумӣ сохта шудааст.
Дар Душанбе 266,2 ҳазор метри мураббаъ (29,4%), вилояти Хатлон 245,7 ҳазор метри мураббаъ (27,1%), ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 72,2 ҳазор метри мураббаъ (8%) ва ВМКБ 7,6 ҳазор метри мураббаъ (0,9%) манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудааст.
Дар ҳамин давра дар кишвар 10 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 15 ҳазору 190 ҷойи нишаст ва як муассисаи томактабӣ барои 2 ҳазору 252 ҷой ба истифода дода шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ