Як ном, садҳо лоиҳа ва роҳи пур аз муваффақият (видео)
25 август зодрӯзи бонуи фаъол ва муваффақи соҳаи расонаи тоҷик Шаҳноза Ҳамдамова аст. Ӯ солҳост, ки дар рушди журналистика, расонаҳои муосир ва татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ саҳми худро мегузорад.
Шаҳноза Ҳамдамова роҳбари Агентии «Тайрон» буда, дар рушди расонаҳои чандрасонаӣ ва татбиқи як қатор лоиҳаҳои муваффақ нақши муҳим дорад. Яке аз маъруфтарин лоиҳаҳои ӯ «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» мебошад. Ин лоиҳа бо ташаббус ва роҳбарии Шаҳноза Ҳамдамова солҳост амалӣ шуда, ба майдони муҳими муаррифии истеҳсолкунандагони ватанӣ табдил ёфтааст.
Шаҳноза Ҳамдамова дар яке аз мусоҳибаҳои худ гуфта буд, ки дар даҳ соли татбиқи лоиҳа беш аз 500 ширкати ватанӣ ба мардум муаррифӣ шудаанд. Бархе аз ин ширкатҳо баъдан ба брендҳои маъруф табдил ёфтаанд. Аммо фаъолияти Шаҳноза Ҳамдамова танҳо ба як лоиҳа маҳдуд намешавад.
Ӯ дар рушди расонаҳои муосир, истифодаи имкониятҳои рақамӣ ва пайвастани журналистикаи анъанавӣ бо фазои нави иттилоотӣ таҷрибаи назаррас дорад. Дар фаъолияти ӯ журналистика, менеҷмент ва лоиҳаҳои иҷтимоӣ ба ҳам пайвастаанд. Ҳамин дидгоҳ ба ӯ имкон медиҳад, ки идеяро ба лоиҳа ва лоиҳаро ба натиҷа табдил диҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ