Дар Муъминобод фурудгоҳ бунёд мешавад

Дар ноҳияи Муъминобод сохтмони фурудгоҳи хатсайрҳои маҳаллӣ оғоз гардид. Рӯзи 22-юми август барои бунёди он санги асос гузошта шуд.

Барои сохтмони фурудгоҳ 23 гектар замин ҷудо шудааст. Тибқи лоиҳа, дар ин ҳудуд бинои маъмурӣ, толори интизории мусофирон, иншооти хизматрасонӣ ва дигар иншооти техникии зарурӣ бунёд мешаванд.

Ҳамчунин, барқарорсозӣ ва навсозии хатти парвозу нишаст, роҳҳои ҳаракати ҳавопаймоҳо ва майдони таваққуфи онҳо пешбинӣ шудааст.

Инчунин, дар фурудгоҳ таҷҳизоти муосири таъмини парвоз ва алоқаи ҳавоӣ насб хоҳад шуд.

Зиёда аз 41 ҳазор метри мураббаъ барои роҳу роҳравҳо ва 187,5 ҳазор метри мураббаъ барои кабудизоркунӣ ҷудо шудааст.

Маблағгузории сохтмони фурудгоҳ аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ, буҷети маҳаллӣ ва дигар манбаъҳо анҷом дода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *