Тақдими либосҳои мактабӣ ба наврасони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд
Дар ноҳияҳои Спитамен, Шаҳристон, Мастчоҳ, шаҳрҳои Хуҷанду Исфара ба кӯдакону наврасони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд либоси мактабӣ, пойафзол, ҷузвдон ва дигар лавозимоти зарурии хониш тақдим карда шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат кӯдакону наврасонро ба муносибати оғози соли нави таҳсил табрик намуда, онҳоро ба хониши хубу аъло ва истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамгардида ҳидоят кард.
Таъкид гардид, ки ҳифзи иҷтимоии кӯдакону наврасон, бахусус ятимон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳим дошта, барои дастгирии онҳо тадбирҳои пайваста амалӣ мешаванд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулон супориш дод, ки ҷиҳати дастгирии кӯдакону наврасони ниёзманд ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия тадбирҳои заруриро мунтазам амалӣ намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ