Дар Мастчоҳ мавсими пахтачинӣ оғоз шуд
Дар хоҷагиҳои пахтакори Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ мавсими ҷамъоварии пахта оғоз ёфт. Кишоварзон ба чиниши ҳосил шуруъ намуда, барои беталаф ва саривақт ҷамъоварӣ кардани он тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Тавре ки аз мақомоти ноҳия ба Pressa.tj иттилоъ доданд, имсол кишоварзони Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ дар маҷмуъ дар майдони 2700 гектар пахта кишт намудаанд.
Соли равон дар ноҳияи Мастчоҳ дар майдони беш аз 10 ҳазору 300 гектар пахта кишт шудааст. Соли 2025 кишоварзони ноҳия дар майдони тақрибан 10 ҳазору 400 гектар пахта кишт намуда, беш аз 27 ҳазору 580 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карданд. Ҳосилнокии миёнаи пахта дар соли гузашта аз ҳар гектар 27 сентнерро ташкил дода буд.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта ноҳияи Мастчоҳ бо чунин нишондод дар миёни ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ аз рӯи ҳаҷми истеҳсол ва пахтасупорӣ мақоми пешсафро соҳиб гардида, дар сатҳи ҷумҳурӣ аз ҳама бештар пахта супорида, нақшаро иҷро намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ