Тиҷорати Тоҷикистону Русия 21% афзуд

Савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон ба 7 млрду 943,7 млн доллар расидааст, ки дар он Русия ҷойгоҳи хост дорад. Дар ин муддат гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 1,5 млрд долларро ташкил додааст. Ин дар муқоиса бо январ – июли соли гузашта қариби 21% зиёд мебошад.

Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар сохтори савдои хориҷии Тоҷикистон 23%-и воридот ва 5,4% содироти умумии кишвар ба Русия рост меояд.

Гуфта мешавад, ки Русия калонтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон аз миёни кишварҳои узви ИИАО мебошад.
Умуман, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-июли соли 2026 нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2025 бо мамлакатҳои ИДМ 24,6% ё 619,7 млн доллар зиёд, бо мамлакатҳои хориҷи дур низ 56,9% ё 1743,3 млн доллар зиёд мебошад.

Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 39,5% ё 3138,4 млн доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 60,5% ё 4804,9 млн доллар рост меояд.

Воридоти мол ба ҷумҳурӣ 6160,6 млн. долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2025-ум 38,6% ё 1714,7 млн доллар зиёд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *