60% ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ ба Хатлон рост меояд
Вилояти Хатлон ҳамасола то 60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро истеҳсол менамояд.
Бино ба иттилои Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон, то соли 2026 дар вилояти Хатлон 75 ҳазору 368 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ба қайд гирифта шудааст, ки дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозори дохилӣ саҳми назаррас доранд.
Тибқи маълумоти оморӣ, то соли 2024 саршумори чорвои калон дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба беш аз 1 миллион сар расидааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти асосии кишоварзӣ низ назаррас аст. Дар вилоят 1 миллиону 124 ҳазору 110 тонна ғалладона ва лӯбиёгиҳо, 250 ҳазору 577 тонна картошка, 164 ҳазору 827 тонна пахта, 2 миллиону 046 ҳазору 539 тонна сабзавот, 879 ҳазору 855 тонна полезӣ, 366 ҳазору 172 тонна мева ва 132 ҳазору 062 тонна ангур истеҳсол гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ