Фарде, ки мушкили муҳоҷирро то сатҳи байнидавлатӣ мебардорад

Идомаи мақолаи “Тоҷикони муваффақ дар Русия”

Бо чӣ маъруф аст?

Ҳилолиддин Ширинов яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҷомеаи тоҷикон дар вилояти Иркутски Русия ба шумор меравад. Ӯ роҳбарии созмони ҷамъиятии «Диаспораи тоҷикони вилояти Иркутск»-ро ба уҳда дошта, дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирон, ҷалби адвокатҳо, барқарор намудани робита бо консулгарӣ ва расонидани масъалаҳои ҳамватанон ба мақомоти давлатии Русияву Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Дар баъзе манбаъҳо ӯ бо номи Алишер Ғиёсович Ширинов муаррифӣ шудааст. Аз ҷумла, дар рӯйхати расмии созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон дар Русия, ки Сафорати Тоҷикистон нашр кардааст, роҳбари созмони минтақавии «Иттифоқи Тоҷикистониён» дар Иркутск Алишер Ширинов зикр мешавад. Дар Феҳристи давлатии шахсони ҳуқуқии Русия бошад, Ҳилолиддин Ғиёсович Ширинов роҳбари «Диаспораи тоҷикони вилояти Иркутск» нишон дода шудааст.

Ширинов соҳибкори калон ё мансабдори давлатӣ нест. Нуфузи ӯ аз қобилияти миёнаравӣ, робита бо сохторҳои дипломатӣ ва имкони зуд сафарбар намудани намояндагони ҷомеаи тоҷикон сарчашма мегирад.

Тиҷорате, ки муваффақ нашуд

Қабл аз он ки фаъолияти ҷамъиятӣ ба кори асосии ӯ табдил ёбад, Ширинов худро дар соҳибкорӣ санҷидааст.

Соли 2014 ӯ дар Иркутск ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шуда, дар соҳаи алоқаи телефонӣ фаъолият карданӣ буд. Аммо ин тиҷорат дер давом накард.

Ҳамон сол ширкати «Самира» низ таъсис ёфт, ки Ҳилолиддин Ширинов муассис ва роҳбари он буд. Самти фаъолияти ширкат пешниҳоди баъзе навъҳои хизматрасонии молиявӣ нишон дода мешуд. Сармояи оинномавии он 10 ҳазор рублро ташкил медод. Вале ин ширкат низ натавонист ба як тиҷорати бузург ва устувор табдил ёбад ва баъдан фаъолияташро қатъ кард.

Бо вуҷуди нокомӣ дар соҳибкорӣ таҷрибаи кор бо ҳуҷҷатҳо, сохторҳои маъмурӣ ва одамони гуногун барои фаъолияти минбаъдаи Ширинов муфид гардид. Ӯ ба хулоса омад, ки имконият ва қобилияташ бештар дар кори ҷамъиятӣ ва миёнаравӣ ба кор меоянд.

Сармояи асосии Ширинов на тиҷорат, балки робитаҳо ва эътимоди ҳамватанон гардид.

Роҳ ба сӯйи роҳбарии диаспора

Ҳанӯз соли 2018 Ширинов ҳамчун раиси Ташкилоти ҷамъиятии вилоятии «Иттифоқи Тоҷикистониён» дар чорабиниҳо ва ҷаласаҳои вобаста ба муносибатҳои байни миллатҳо иштирок мекард.

24-уми сентябри соли 2020 дар Иркутск Ташкилоти ҷамъиятии вилоятии «Диаспораи тоҷикони вилояти Иркутск» расман ба қайд гирифта шуд. Роҳбарии он ба зиммаи Ҳилолиддин Ширинов вогузор гардид.

Бақайдгирии расмӣ ба созмон имкон дод, ки ба мақомоти давлатӣ муроҷиат кунад, манфиатҳои ҳамватанонро намояндагӣ намояд, адвокат ҷалб созад ва бо Сафорату консулгариҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ барад.

Ба муҳоҷир чӣ гуна кумак мекунад?

Муҳоҷирон бештар дар ҳолатҳое ба диаспора муроҷиат мекунанд, ки ба мушкили ҳуқуқӣ ё маишӣ дучор шудаанд. Баъзеҳо забони русиро хуб намедонанд, дигарон аз қонунҳои муҳоҷират огоҳ нестанд ё барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ маблағ надоранд.

Дар чунин шароит роҳбари диаспора метавонад барои пайдо кардани тарҷумон ё адвокат, барқарор намудани робита бо консулгарӣ, огоҳ кардани наздикони муҳоҷир ва ҷамъоварии кумаки молиявӣ мусоидат намояд.

Моҳи июни соли 2021 дар Иркутск барои ба Тоҷикистон фиристодани ҷасади ду ҳамватани фавтида дар муддати кӯтоҳ маблағ ҷамъоварӣ шуд. Ширинов шахсан аз тоҷикони муқими минтақа хост, ки ба оилаҳои фавтидагон дасти ёрӣ дароз кунанд.

Чунин иқдомҳо одатан дар расонаҳо зиёд инъикос намешаванд, вале дар дохили ҷомеаи муҳоҷирон ба роҳбарони диаспора обрӯ мебахшанд.

Шуҳрати асосии Ширинов баъд аз иштирок дар ду қазияи пурсарусадо – фоҷиаи Залари ва баҳс дар атрофи сарнавишти як духтарчаи панҷсола бештар гардид.

Фоҷиаи Залари

Моҳи ноябри соли 2021 дар шаҳраки Заларии вилояти Иркутск миёни сокинони маҳаллӣ ва муҳоҷирони тоҷик низоъ ба вуҷуд омад. Задухӯрд бо оташ задани вагончаи сохтмонӣ, ки коргарони тоҷик дар он зиндагӣ мекарданд, анҷом ёфт. Дар сӯхтор Насимҷони Сайдалии 21-сола ва Сироҷиддин Гулзодаи 19-сола ҳалок шуданд. Чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Дар бораи сабаби сар задани муноқиша ду ривояти мухталиф паҳн гардид. Бархе расонаҳои Русия навиштанд, ки муҳоҷирон ба як духтари маҳаллӣ сухан партофтаанд ва ин боиси ҷанҷол шудааст. Намояндагони ҷониби Тоҷикистон иддао доштанд, ки ду шаҳрванди тоҷик дар назди мағоза мавриди ҳамла қарор гирифта, ҳамватанонашон барои ҳимояи онҳо омадаанд.

Пас аз ҳодиса ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам сокинони маҳаллӣ боздошт шуданд. Ҳилолиддин Ширинов ба қазия фаъолона ворид гардид. Ӯ бо наздикони боздоштшудагон мулоқот кард, барои ҷалби адвокатҳо мусоидат намуд ва аз мақомоти тафтишотӣ хост, ки парвандаро беғаразона баррасӣ кунанд.

Бо мусоидати диаспора барои ҳимояи муҳоҷирон гурӯҳи иборат аз чор адвокат таъсис ёфт. Ширинов собит месохт, ки боздоштшудагон қасди куштор надоштанд ва танҳо барои ҳимояи ҳамватанони худ ба ҷойи ҳодиса рафта буданд. Ин мавқеи роҳбари диаспора ва ҷониби ҳимоя буд, на далели бо ҳукми суд тасдиқшуда.

Аз як шаҳрак то вазоратҳои корҳои хориҷӣ

Маҳз дар қазияи Залари қобилияти сафарбаркунии Ширинов ба таври равшан зоҳир гардид.

Намояндаи Консулгарии Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса сафар кард. Сипас Сафорати Тоҷикистон, ваколатдорони ҳуқуқи инсон ва вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия ба қазия таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Фоҷиаи як шаҳраки хурди вилояти Иркутск то сатҳи гуфтугӯи вазирони корҳои хориҷии ду давлат расид. Ҷониби Тоҷикистон хостори таҳқиқи беғаразонаи ҳодиса ва муҷозоти гунаҳкорон гардид.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода низ бо ҳамтои русаш Татяна Москалкова масъалаи риояи ҳуқуқи муҳоҷирони боздоштшударо баррасӣ намуд.

Наметавон гуфт, ки ин ҳама танҳо бо талоши Ширинов анҷом ёфт. Вале ӯ яке аз фаъолтарин шахсоне буд, ки қазияро пайгирӣ карда, нагузошт фоҷиа аз маркази таваҷҷуҳ дур шавад.

Ин воқеа нишон дод, ки роҳбари як созмони минтақавӣ метавонад мушкили маҳаллиро ба масъалаи байнидавлатӣ табдил диҳад.

Парванда бо чӣ анҷом ёфт?

Баррасии парванда тақрибан ду сол идома кард.

Соли 2023 чор шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба авбошӣ ва сӯйиқасд ба куштор айбдор мешуданд, ба ду солу нуҳ моҳи зиндон маҳкум гардиданд. Азбаски онҳо аллакай наздики ду сол дар боздоштгоҳи тафтишотӣ қарор доштанд, бо назардошти тартиби ҳисоб кардани муҳлати ҳабс аз толори суд озод шуданд.

Наздикони онҳо ҳукмро ноодилона мешумориданд. Аммо аз нигоҳи ҳуқуқӣ ин шаҳрвандон сафед нашуданд, балки гунаҳкор дониста шуданд. Аз ин рӯ, озод гардидани онҳоро набояд ҳамчун бегуноҳ эътироф шуданашон маънидод кард.

Қазияи Залари барои Ширинов ҳам обрӯ овард ва ҳам танқид. Барои муҳоҷирон ӯ роҳбаре буд, ки ҳамватанони боздоштшударо танҳо нагузошт. Мухолифонаш бошанд, ӯро ба яктарафагӣ ва ҳимояи беқайду шарти ҳамватанон айбдор мекарданд.

Чаро ба ӯ муроҷиат мекунанд?

Бо вуҷуди моҷароҳо, муҳоҷирони тоҷик ҳамоно барои ҳалли мушкилоти худ ба Ширинов муроҷиат мекунанд.

Сабаб одист: ӯ медонад, ки дар ҳолати боздошт, баҳси ҳуқуқӣ, мушкили ҳуҷҷатгузорӣ ё марги ҳамватан ба куҷо муроҷиат кардан лозим аст. Метавонад адвокат пайдо кунад, бо консулгарӣ тамос гирад, кумак ҷамъ намояд ва таваҷҷуҳи расонаҳоро ба масъала ҷалб созад.

Барои муҳоҷири одӣ чунин имконият баъзан аз мақоми расмӣ ва шуҳрати умумӣ муҳимтар аст.

Қудрати Ширинов дар пул ё мансаб нест. Он дар қобилияти ба ҳам пайвастани муҳоҷир, диаспора, адвокат, дипломат ва рӯзноманигор зоҳир мешавад.

Дар ҳолати зарурӣ ин занҷира ба ҳаракат даромада, мушкили як муҳоҷирро ба масъалаи минтақа ва баъзан ду давлат табдил медиҳад.

Таҳия, тарҷума ва такмили Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *