Боздошти ду зане, ки мехостанд маблағи калонро аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон оранд

Кормандони Хадамоти давлатии амнияти Ӯзбекистон дар вилояти Тошканд якҷо бо кормандони гумруку марзбонӣ ду занро дастгир карданд, ки онҳо мехостанд бо роҳи қочоқ аз тариқи гузаргоҳи осонгузари “Казарма” дар марзи Бекобод бо вилояти Суғд маблағи калони асъори хориҷиро ба Тоҷикистон баранд.

Хадамоти давлатии амнияти Ӯзбекистон видеои лаҳзаи боздошти ин ду зан ва мусодираи маблағи бузурги асъори хориҷиро низ нашр кард.

Дар  навор  гуфта мешавад, ки ҳангоми кофтукоби шахсӣ аз зани 42-солаи сокини шаҳри Бекобод 166 ҳазор доллар ва аз шарики 28-солаи ӯ 190 ҳазор доллар ёфт шуд. “Ҳамчун далели шайъӣ аз ин ду нафар 356 ҳазор доллар пули нақд гирифта шудааст. Маълум шуд, ки онҳо бо хоҳиши як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Маҳмуд аз нафарони ношинос дар шаҳри Бекобод ин маблағи бузурги асъори хориҷиро гирифта, дар даруни либос пинҳон кардаанд ва дар ивази ҳаққи муайян кӯшиш карданд, ки ин ҳама пулро ба Тоҷикистон баранд”, — гуфта мешавад дар навор.

Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.