Дастаи умеди Тоҷикистон умедҳоро барбод дод

Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23), ки дастаи умеди кишвар аст, бо роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев бозиҳояшро дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 дар Ӯзбекистон бо нокомӣ анҷом дод.

Дастаи умеди Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё бе ҳузури як қатор бозигарони калидӣ, ки дар ихтиёри дастаи мунтахаби асосии кишвар дар мурҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 қарор доштанд, натавонист ба дарвозаи ҳарифон гол занад.

Дастаи ҷавонони кишвар (U-23) дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 дар гуруҳи «D» се бозӣ анҷом дода, дар ҳар се дидор аз дастаҳои олимпии Арабистони Саудӣ (0:5), АМА (0:2) ва Ҷопон (0:3) мағлуб шуд.

Ҳамин тариқ, аз гуруҳи «D» дастаҳои Арабистони Саудӣ ва Ҷопон ба даври чорякфинал баромаданд. Дар чорякфинали Ҷоми Осиё миёни дастаҳои ҷавонони то 23-сола Ӯзбекистон бо Ироқ, Австралия бо Туркманистон, Кореяи Ҷанубӣ бо Ҷопон ва Арабистони Саудӣ бо Ветнам вохўрданд. Дастаҳои Ўзбексистон, Австралия, Ҷопон ва Арабистони Саудӣ ба даври нимфинал баромаданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *