19 куштаву 51 захмӣ натиҷаи ҳамлаҳо дар Афғонистон

Дар ноҳияи Сайёди вилояти Сарипул  бар асари ҳамлаи Толибон бар нирӯҳои амнияти Афғонистон 14 тан кушта шуда 25 нафар захмҳои гуногун бардоштанд. Бино ба гуфти узви шӯрои вилотӣ  Нуроғо Нурӣ ҳодисаи мазкур шоми 12 июн рух дода, чаҳор сарбози маҷрӯҳшуда аз ҷониби шӯришчиён гаравгон гирифта шуданд.

Дар вилояти шарқии Ғазнӣ маргталабе тавасути мошин низомии навъи “Humvee”, ки ба қавли Нурӣ аз ин пештар аз ҷониби ҷангиёни Толибон рабуда шудабуд камаш панҷ тан аз узви нирӯҳои амниятии Афғонистонро куштааст.

Сухангӯи волии Ғазнӣ гуфтааст, ки ҳодисаи мазкур  12 июн субҳ ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа 26 нафар захмӣ шудаанд, ки дар байнашон 18 афсари полис низ буданд.

Ягон гурӯҳ масъулияти ҳамлаи мазкурро ба дӯш нагирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *