Ҷанҷоли ҳамсоязанҳо бо куштор анҷомид

Чуноне сомонаи ВКД хабар медиҳад 8-уми июни соли 2018, тахминан соати 15:30-дақиқа, зани 29-солаи сокини деҳаи Султонободи ноҳияи Шаҳритуз, оиладор соҳиби 3-фарзанд, бо ҳамсояаш зани 22-сола, барои буридани шохҳои дарахтони байни марзи хонаашон ва барои он, ки чорвои ҳамсояаш ба замини ҷуворимаккаи ҳавлиашон даромадааст, ҷанҷол намуда, якдигарро дашному ҳақорат кардаанд.
Баъдан, ҳамон бегоҳӣ, тахминан соати 21:30-дақиқа, модари зани 22-сола, зани 50-солаи сокини деҳаи Пахтаобод, бо ҳамроҳии духтаронаш бо мақсади муайян намудани ҳодисаи буридани дарахтҳо ва фаҳмидани сабаби ҷангу ҷанҷолашон ба хонаи зани 29-сола рафтаанд.
Ҳангоми ворид шуданашон ба ҳавлӣ байни онҳо ва шавҳари зани номбурда боз ҷанҷол сар задааст.
Дар ин ҳолат зани 29-сола кинаву хусумат пайдо карда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан аз ҳуҷраи зисташ корди ошхонагиро гирифта, ба саҳни ҳавлӣ баромада, ба узвҳои ҳаётан муҳими қисмати рости гардани модари ҳамсояаш — зани 50-сола ду маротиба зарба зада, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст.
Ҳамзамон, номбурда ба ин қаноат накарда, бо ҳамон тарзу усул сӯйиқасд ба куштори духтарони ӯро содир намуда, ба воситаи корди дар дасташ буда, ба онҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расонидааст.
Худи ҳамон шаб зани 50-сола дар беморхонаи ноҳия бистарӣ гардида, тахминан соати 03:00-дақиқаи санаи 9-уми июни соли 2018 ба ҳалокат расидааст.
Нисбати зани гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Шаҳритуз парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаҳои 32 қисми 3 ва 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *