3 рӯзи истироҳат ба ифтихори Иди Ғалаба

Сокинони Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Ғалаба – 9-уми май се рӯз пай дар пай истироҳат мекунанд.

Бино ба иттилои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар, бо сабаби имсол ба рӯзи истироҳат, яъне шанбе рост омадани Иди Ғалаба сокинони кишвар як рӯз бештар дам мегиранд ва рӯзи душанбеи пас аз ид истироҳатӣ мебошад.

Бояд зикр намуд, танҳо шахсоне, ки ҳафтаи кори панҷрӯза доранд, дар Иди Ғалаба 3 рӯз, яъне аз 9 то 11-уми май истироҳат хоҳанд кард. Корхонаҳое, ки ҳафтаи кории шашрӯза доранд, танҳо рӯзҳои 9 ва 10-уми май истироҳат мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», агар рӯзи ид ба рӯзи истироҳат, яъне шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории минбаъда низ рӯзи ғайрикорӣ эълон карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *