Тоҷикистон мизбони муколамаи минтақавӣ оид ба рушди фазои рақамӣ
28 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми ҷашнии 10-уми Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии интернет – CAIGF 2026 таҳти унвони «Роҳи абрешими рақамӣ: аз ҷудоӣ ба ҳамгироии рақамӣ» баргузор гардид.
Чорабинии сатҳи баланд бо ташаббуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Internet Governance Forum ва шарикони байналмилалии рушд доир шуда, дар он намояндагони созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла ICANN, RIPE NCC ва World Bank, ҳамчунин коршиносони сатҳи баланд иштирок намуданд.
Дар рафти форум масъалаҳои муҳими коҳиши нобаробарии рақамӣ, таъмини пайвастагии устувор дар минтақаҳои дурдаст, танзими ҷараёнҳои фаромарзии маълумот ва ҳифзи маълумоти шахсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён инчунин ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар рушди устувор ва таҳкими амнияти киберӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.


Сардори Хадамоти алоқа Исфандиёри Саъдулло зимни ифтитоҳи чорабинӣ иброз дошт, ки баргузории чунин форум нишонаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи байналмилалӣ ба рушди фазои рақамӣ дар минтақа мебошад. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дар доираи сиёсати давлатӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва таъмини дастрасии фарогир ба интернет тадбирҳои муассир меандешад.
«Имрӯз дастрасӣ ба интернет танҳо як имконияти техникӣ нест, балки омили муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини баробарии имконият ва таҳкими ҳамгироии минтақавӣ мебошад», – таъкид кард ӯ.
Зикр гардид, ки форуми CAIGF дар давоми даҳ соли фаъолият ба платформаи асосии муколамаи бисёрҷониба миёни давлатҳо, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои илмӣ табдил ёфтааст. Интихоби Тоҷикистон ба ҳайси мизбони имсола бозгӯи нақши рӯзафзуни кишвар дар ташаккули фазои ягонаи рақамии Осиёи Марказӣ арзёбӣ мешавад.
Ба гуфтаи иштирокчиён, натиҷаҳои форум метавонанд ба таҳияи сиёсати муассири рақамӣ, густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба инфрасохтори иттилоотӣ мусоидат намоянд. Ҳамзамон, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва татбиқи ташаббусҳои муштарак ҷиҳати рушди фазои рақамии бехатар ва фарогир дар минтақа изҳор доштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ