Dushanbe Grand Slam 2026 оғоз мешавад

Аз 1 то 3-юми май дар Қасри теннис ва варзишҳои обии пойтахт мусобиқаи ҷудои “Dushanbe Grand Slam 2026” баргузор мешавад, ки дар он беш аз 240 ҷудокор аз 30 кишвар ширкат хоҳанд кард.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо қавитарин паҳлавонон ба мусобиқаи хонагӣ наздик мешавад. 41 ҷудокор, аз ҷумла 28 мард ва 13 зан кишварро муаррифӣ хоҳанд кард. Дар соли 2025 дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби ҷойи аввал дар ҷадвали нишонҳо бо 11 нишон (4 тило, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҳангома карда буд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Dushanbe Grand Slam 2026:

Мардон: Меҳрзод Сўфиев, Лоиқ Қутбиддинов, Икром Шамсов, Рамзиддин Азизов (60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов, Мусаниф Миробов, Искандар Маҳмадхоҷазода (66 кг), Мухиддин Асадуллоев, Масъуди Аҳмадзод, Абдулло Ориф, Бинёмин Назиров (73 кг), Сомон Маҳмадбеков, Бахтиёр Бозоров, Абубакр Боқиев, Сунатулло Мусоев (81 кг), Муҳаммад Абдуҷалилзода, Умед Раҷабов, Саидраҳим Раҳимов, Тўйчибек Шарипов (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Муҳсин Малаев, Сомонӣ Кишваров, Азиз Акрамов (100 кг), Мансур Раҳмон, Некрўзшоҳ

Некбахтзода, Муҳаммадрасул Давлатов ва Хумор Муносибов (+100 кг).

Занон: Аҳлия Мўъминова, Нушин Ҷумъаева, Ҳоҷинисо Назарова, Марям Назарова (48 кг), Мадина Қурбонзода, Суҳайло Сафарзода, Зуҳал Ҷумъаева, Райҳона Розиқзода (52 кг), Александра Кан, Раҳмия Ханҷарбекова, Сабина Каримова (57 кг), Ҷонона Назарова (63 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг).

Барои ҷойҳои ифтихорӣ имтиёзҳои зерин дода мешаванд: тило – 1000 имтиёз, нуқра – 700 имтиёз, биринҷӣ – 500 имтиёз, ҷойи 5-ум – 360 имтиёз, ҷойи 7-ум – 260 имтиёз. Ғайр аз ин, ҷоизаҳои пулӣ низ пешниҳод карда мешаванд. Мувофиқи меъёрҳои IJF, фонди ҷоиза чунин аст: нишони тило – тақрибан 5000 евро, нуқра – тақрибан 3000 евро ва биринҷӣ – тақрибан 1500 евро. Як қисми ҷоизаи пулӣ ба мураббии варзишгар низ дода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *