Манъи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия
Парлумони Туркия тарҳи қонунеро қабул кард, ки ба наврасони то 15-сола истифода аз шабакаҳои иҷтимоиро манъ мекунад.
Назорати иҷрои ин қонунро таъминкунандагони алоқаи мобилӣ ба уҳда мегиранд. Бино ба ин санад, провайдер бояд тадбирҳои зарурии вобаста ба мушаххас кардани синну соли корбарро роҳандозӣ намояд. Дар сомонаҳои провайдерҳои интернет бояд қоидаҳои зарурӣ нашр шаванд.
Баробар бо ин, назорати волидон аз фаъолияти фарзандонашон дар интернет ҳам танзим мешавад ва онҳо бояд бидонанд, ки фарзандашон чӣ гуна дар интернет сабтином шуда, ба кадом сомонаву каналҳо обуна мешавад.
Барои калонсолон роҳҳои назорат аз фаъолияти фарзандашон дар интернет таҳия мешаванд. Қоидаҳои нав ба бисёр пойгоҳҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла YouTube, TikTok, Facebook ва Instagram марбут мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ