Натиҷаи сафари Ароқчӣ ба Покистон, Уммон ва Русия
Дар пасманзари танишҳои бесобиқа дар Ховари Миёна Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар шаҳри Санкт-Петербург бо Владимир Путин, президенти Русия дидору гуфтугӯ кард. Ба навиштаи расонаҳои Русия, Путин дар ин мулоқот гуфтааст, ки Маскав барои таъмини сулҳ дар Ховари Миёна ҳар кореро, ки тавонад, анҷом медиҳад.
Ваъдаи Путин
Дидори Ароқчӣ бо президенти Русия Владимир Путин дар шаҳри Санкт-Петербург беш аз якуним соат идома кард.
Путин дар ин мулоқот таъкид кард, ки Русия барои барқарории сулҳ дар Ховари Миёна аз тамоми имкониятҳои худ истифода хоҳад бурд. Ӯ изҳор дошт, ки Маскав омода аст иқдомҳое анҷом диҳад, ки на танҳо ба манфиати Эрон, балки ба манфиати тамоми кишварҳои минтақа бошад.
Ҳамзамон, роҳбари Русия аз ҷасорат ва муқовимати мардуми Эрон ситоиш карда, гуфт, ки истодагии онҳо дар баробари фишорҳо ва ҳамлаҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ намуна шудааст.
Ин изҳорот дар шароите садо дод, ки минтақа пас аз даргириҳои ахир миёни Эрон аз як сӯ ва Амрикову Исроил аз сӯи дигар ҳанӯз ба суботи комил нарасидааст.
Аз ҷониби худ, Аббос Ароқчӣ равобити ду кишварро мусбат арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки ҳамкориҳои Эрон ва Русия дар чорчӯби шарикии роҳбурдӣ идома хоҳанд ёфт. Ӯ аз мавқеи Маскав дар давраи ҷанг изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки Эрон чунин ҳампаймонҳоро қадр мекунад.

Русия миёнрав мешавад?
Яке аз мавзуҳои асосии музокироти Ароқчӣ ва Путин баррасии вазъи ҷанг ва паёмадҳои он буд. Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Эрон, дар мулоқот “ҷанг ва таҷовузи Амрико ва режими саҳюнистӣ” мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ҳамин замина, ёвари президенти Русия Юрий Ушаков ишора кард, ки эҳтимол дорад Маскав баъди ин мулоқот дидгоҳҳои худро ба Иёлоти Муттаҳида интиқол диҳад. Ин ишора ба нақши эҳтимолии Русия ҳамчун миёнарав дар музокироти оянда миёни Теҳрон ва Вашингтон далолат мекунад.

Ду сафар ба Покистон
Қабл аз Русия, Ароқчӣ 25-уми апрел ба Покистон сафари корӣ анҷом дод. Ӯ нахуст ба Исломобод сафар карда, бо роҳбарияти ин кишвар, аз ҷумла фармондеҳи артиши Покистон Осим Мунир мулоқот анҷом дод.
Ҷолиб он аст, ки баъд аз сафари худ ба Уммон, Ароқчӣ дубора ба Покистон баргашт. Гарчанде сабаби расмии ин бозгашт шарҳ дода нашудааст, расонаҳо менависанд, ки ӯ тавассути Покистон паёмҳои хаттӣ ба Амрико ирсол кардааст. Ин паёмҳо, ба гуфтаи манбаъҳо, “хати сурх”-и Эронро дар масъалаҳои калидӣ, аз ҷумла тангаи Ҳурмуз ва барномаи ҳастаӣ дар бар мегирифтанд.

Умедворӣ аз Уммон
Тавре ишора шуд, 26-уми апрел Ароқчӣ ба Масқат низ сафари кори анҷом дод ва дар он бо султони Уммон Ҳайсам бин Ториқ ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар Бадр Бусайдӣ мулоқот кард.
Уммон ҳамчун миёнарав миёни Эрон ва Ғарб, бахусус Иёлоти Муттаҳида, нақши муҳим мебозад. Пеш аз оғози даргириҳои ахир низ Масқат талош мекард, ки заминаи музокироти сулҳро фароҳам оварад.
Дар мулоқотҳои Масқат масъалаҳои муҳими дуҷониба ва минтақавӣ баррасӣ шуданд. Яке аз мавзуҳои калидӣ амнияти тангаи Ҳурмуз буд – гузаргоҳи муҳими энергетикӣ, ки барои иқтисоди ҷаҳонӣ аҳамияти стратегӣ дорад.
Ароқчӣ таъкид кард, ки Эрон ба таъмини убури бехатар дар ин минтақа манфиатдор аст ва омода аст бо кишварҳои ҳамсоя барои расидан ба ин ҳадаф ҳамкорӣ кунад.
Идомаи буҳрон
Сафари Ароқчӣ дар шароите баргузор гардид, ки минтақа тоза аз як давраи ҷанг гузаштааст. Даргириҳо 28-уми феврал бо ҳамлаи муштараки Амрико ва Исроил ба қаламрави Эрон оғоз ёфт. Дар посух Теҳрон ҳамлаҳои мушакӣ анҷом дод, ки ба як давраи таниши шадид оварда расонд.
Пас аз тақрибан чиҳил рӯзи ҷанг ҷонибҳо ба оташбаси муваққатӣ розӣ шуданд. Ин оташбас бо миёнаравии Покистон ба даст омада, баъдан тамдид гардид. Бо вуҷуди ин, идомаи муҳосираи бандарҳои ҷанубии Эрон аз ҷониби Амрико аз ҷониби Теҳрон ҳамчун нақзи оташбас арзёбӣ шуд. Яъне сулҳ дар минтақа ҳанӯз ноустувор буда, вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ