Афзоиши хатари ҷанги ҳастаӣ
Рафаэл Гросси, мудири кулли Агентии байналмилалии энергияи атомӣ мегӯяд, хатари вуқуи як фоҷиаи ҳастаӣ дар ҷаҳон ба сатҳе расида, ки аз даврони авҷи Ҷанги сард то кунун мушоҳида нашудааст.
Гросси рӯзи душанбе, 27-уми апрел ин изҳоротро дар 11-умин Конфронси бознигарии муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ (NPT) дар Ню-Йорк матраҳ кардааст.
Ӯ гуфта, ки ин муоҳида беш аз панҷ даҳа боз побарҷо монда ва 191 кишвари ҷаҳон шомили давлатҳои дорои силоҳи ҳастаӣ ва бидуни он, ба он пайвастаанд ва масъулияти муштараке дар ин замина доранд.
Ба гуфтаи ӯ, вазъияти кунунии ҷаҳон бисёр “ҳассос ва ноустувор” аст ва ҷангҳо дар Аврупову Ховари Миёна бори дигар бозгашта ва чаҳорчӯбҳои чандҷонибаи амниятӣ таҳти фишори ҷиддӣ қарор гирифтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ