Буҳрони соҳаи китобдорӣ. Сабабҳо ва дурнамои рушди он
I. Муқаддима
Китобхона танҳо ҷойи нигаҳдории китоб нест, балки муассисаи муҳими фарҳангӣ, илмӣ ва маърифатист, ки дар ташаккули ҳувияти миллӣ, эҳёи арзишҳои маънавӣ ва болоравии сатҳи маърифатию донишмандии ҷомеа нақши калидӣ мебозад.
Барои миллати тоҷик, ки таъриху фарҳангаш саршор аз дӯстдорӣ ва эҳтиром ба китоб аст, китобхона аз қадимулайём маркази илму маърифат, фарҳанг ва худшиносӣ маҳсуб меёбад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши технологияҳои иттилоотии муосир, ки бо коҳиши таваҷҷуҳи ҷомеа ба китобҳои чопӣ ва болоравии талабот ба маводи электрониву рақамӣ ҳамроҳ аст, китобхонаҳои анъанавӣ дар ҳолати буҳрони сохторӣ қарор доранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин фароянд бо камшавии талаботи аҳолӣ ба китобхонаи анъанавӣ, фарсудашавии пойгоҳи моддиву техникӣ, камбуди кадрҳои соҳибихтисос ва сатҳи пасти рақамигардонӣ зоҳир мегардад.
Ёддошти мазкур бо такя ба маълумот ва таҳлилҳои ҳуҷҷатҳои расмӣ
тайёр гардида, ҳадаф аз он муайян намудани омилҳои асосии буҳрон, арзёбии ҳолати кунунӣ ва пешниҳод намудани роҳҳои рушди минбаъдаи соҳаи китобдории анъанавӣ мебошад.
II. Вазъи кунунӣ ва мушкилоти асосии соҳаи китобдорӣ
Ба ҳолати миёнаи соли 2025, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1363 китобхонаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ фаъолият менамуданд, ки тамоми минтақаҳои маъмурии кишварро фаро мегиранд. Бо вуҷуди ин, натиҷаҳои омӯзиши саҳроӣ нишон медиҳанд, ки китобхонаҳо, дар маҷмуъ, ба буҳрони ҷиддии сохторӣ рӯ ба рӯ шудаанд.
1. Фарсудашавии пойгоҳи моддиву техникӣ
– Наздики 40 дарсади китобхонаҳо дар ҳолати садамавӣ ё ниҳоят кӯҳнашавӣ қарор доранд;
– Беш аз 150 китобхона дар ҷойҳои ғайримуносиб – масалан, манзилҳои истиқоматӣ, биноҳои идорӣ ё муассисаҳои тиббӣ ҷойгир шудаанд;
– 95 фисади китобхонаҳои деҳотӣ шароити зарурии нигаҳдории дурусти китобҳоро надоранд.
Ин ҳолат боиси аз байн рафтани қисми зиёди захираҳои китобхонавӣ ва талафи арзишҳои фарҳангӣ мегардад.
2. Камбуди кадрҳои соҳибихтисос
– Ба ҳисоби миёна танҳо 10-11 фисади кормандони китобхонаҳо маълумоти олии касбӣ доранд;
– Дар баъзе ноҳияҳо (Лахш, Балхӣ, Ҷайҳун, Рашт ва ғ.) умуман китобдорони боихтисос вуҷуд надоранд;
– Низоми ягонаи омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳо амал намекунад.
Ин боиси паст шудани сифати хизматрасонӣ ва маҳдуд шудани доираи ибтикороту ташаббусҳои инноватсионӣ мегардад.
3. Ақибмонии иттилоотиву технологӣ
– Беш аз 80 дарсади китобхонаҳо компютер надоранд ё таҷҳизоти онҳо корношоям аст;
– Танҳо баъзе китобхонаҳои шаҳри Душанбе ва марказҳои вилоятӣ ба шабакаи “Интернет” пайваст мебошанд;
– Дар аксари минтақаҳо каталогҳои электронӣ, пойгоҳи маълумот ва китобхонаҳои онлайнӣ вуҷуд надоранд;
– Зиёда аз 90 дарсади китобхонаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳузур надоранд.
Ҳамин тавр, китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни ҷаҳонии рақамисозӣ то ҳол дар канор мондаанд.
4. Камбуди заминаи ҳуқуқиву молиявӣ
– 80-90 дарсад китобхонаҳои деҳотӣ санадҳои меъёрӣ – низомнома, оиннома ва дастурҳои вазифавӣ надоранд;
– Буҷети ҷудошуда барои харидани китоб ва таҷдиди техника нокифоя аст;
– Дар баъзе ҳолатҳо биноҳои китобхона ба мақсадҳои тиҷоратӣ истифода мешаванд (масалан, филиали №17 дар шаҳри Кӯлоб).
Ин ҳолат нишонаи заъфи ниҳодӣ (институтсионалӣ) ва набудани назорати давлатӣ дар сатҳи маҳаллӣ мебошад.
III. Сабабҳои асосии буҳрон
1. Нигоҳ доштани модели кӯҳнаи идоракунӣ аз замони шуравӣ бидуни мутобиқсозӣ ба талаботи нав;
2. Паст будани сатҳи аҳамияти давлатӣ ва буҷетии соҳаи фарҳанг, аз ҷумла китобдорӣ;
3. Набудани стратегия ва барномаи рақамисозии миллӣ дар соҳаи китобдорӣ;
4. Паст будани мақоми иҷтимоии касби китобдор, музди ночизи меҳнат ва рафтани мутахассисон аз соҳа;
5. Камбуди ҳамгироӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ;
6. Нобаробарии рушди минтақавӣ – фарқи ҷиддӣ миёни китобхонаҳои пойтахт ва ноҳияҳои дурдаст;
7. Буҳрони фарҳанги мутолиа, махсусан миёни ҷавонон, ки таваҷҷуҳи онҳо бартаран ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сарчашмаву маводҳои рақамӣ равона шудааст.
IV. Самтҳои афзалиятноки рушди минбаъда
Бо вуҷуди мушкилиҳои ҷойдошта, низоми китобдорӣ дар кишвар дорои захираҳои бузурги фарҳангиву илмӣ мебошад.
Бо пуштибонии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бо шарофати таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дорад, ки аз модели анъанавӣ ба низоми муосири китобхонаҳои миллӣ гузар карда шавад.
1. Такмили заминаи меъёриву ниҳодӣ (институтсионалӣ)
– Таҳия ва тасдиқи Стратегияи миллии рушди соҳаи китобдорӣ то соли 2035;
– Ҷорӣ намудани стандартҳои ягонаи фаъолияти китобхонаҳо;
– Таъсиси Шурои ҷумҳуриявии сиёсати китобдории назди Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ;
– Таъмини назорати қатъӣ аз болои истифодаи мақсадноки биноҳои китобхона.
2. Рақамисозии соҳа ва технологияҳои иттилоотӣ
Татбиқи барномаи ҷумҳуриявии «Китобхонаи электронии Тоҷикистон», ки инҳоро фаро хоҳад гирифт:
– ташкили корпояи (платформаи) миллӣ бо каталоги ягонаи электронӣ ва захираҳои рақамӣ;
– рақамигардонии китобҳои нодир ва арзишманд;
– пайваст кардани ҳамаи китобхонаҳои марказӣ ба “Интернет”;
– ворид намудани нармафзорҳои иттилоотии китобдорӣ;
– ташкили китобхонаҳои мобилӣ ва толорҳои хонандаи виртуалӣ дар деҳот.
3. Сиёсати кадрӣ ва таълимӣ
– Эҳёи факултетҳо ва кафедраҳои китобдорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ;
– Ташкили Маркази миллии омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳои китобдорӣ дар назди Китобхонаи миллӣ;
– Ҷорӣ намудани унвон ва имтиёзҳои иҷтимоии «Китобдори шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
– Таҳкими ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои фарҳангӣ ва муассисаҳои илмӣ.
4. Беҳсозии инфрасохтор
– Амалӣ намудани Барномаи давлатӣ оид ба сохтмон ва таъмири китобхонаҳои деҳот (солҳои 2026-2030);
– Ҷалби сармояи буҷети маҳаллӣ, соҳибкорон ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
– Ташкили китобхонаҳои намунавӣ дар ҳар як минтақа.
5. Дастгирии мундариҷаи китоб ва нашриёт
– Танзими нашр ва тақсими китобҳо мутобиқ ба шумораи китобхонаҳо, аз байн бурдани ҳар гуна миёнаравҳо миёни нашриётҳои калон ва китобхонаҳои кишвар дар мавриди хариду фурӯши китобҳои чопӣ;
– Ташкили Хазинаи хариди китобҳои нави чопӣ ва осори адибони миллӣ;
– Пуштибонии тарҷумаи асарҳои илмӣ ва таълимӣ ба забони тоҷикӣ.
6. Ҳамгироӣ бо соҳаҳои маориф ва фарҳанг
– Густариши иштироки китобхонаҳо дар барномаҳои миллӣ:
(«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат»);
– Пайваст кардани китобхонаҳои мактабӣ ва донишгоҳӣ ба низоми ягонаи иттилоотӣ;
– Роҳандозии барномаҳои таблиғотӣ барои рушди фарҳанги мутолиа.
V. Пешбиниҳо ва натиҷаҳои интизоршаванда
Дар сурати татбиқи пайгиронаи чораҳои пешниҳодшуда то соли 2030 чунин натиҷаҳо пешбинӣ мешаванд:
– 100 дарсад китобхонаҳои марказӣ бо “Интернет” ва компютер таъмин мегарданд;
– на кам аз 60 фисад захираҳои китобхонаҳо шакли рақамӣ мегиранд;
– ҳиссаи кормандони соҳибихтисос то 50 фоиз афзоиш меёбад;
– теъдоди хонандагони китоб 2-2,5 маротиба зиёд мешавад;
– китобхонаҳо ба маркази фарҳангиву иҷтимоии ҷомеа табдил меёбанд.
VI. Хулоса
Китоб ва китобхона пояи маънавӣ ва фарҳангии миллат мебошанд.
Эҳёи китобхонаҳо ва рушди соҳаи китобдорӣ на танҳо масъалаи фарҳангӣ, балки масъалаи стратегӣ ва умумидавлатӣ аст, ки бо сиёсати маърифатпарваронаи Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоҳанг аст.
Танҳо аз тариқи эҳтиром ба китоби чопию электронӣ ва эҳёи мақоми китобхона метавонем наслеро тарбия намоем, ки ҳофизи таърих, забон ва фарҳанги тоҷикон бошад ва дар ҷаҳони муосир бо ифтихор аз ҳувияти миллӣ зиндагӣ кунад.
Зафар Шералӣ Сайидзода,
мудири шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фиристодаи Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ