Озмуни ихтироъкорони ҷавон дар ДТТ
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни дохилидонишгоҳӣ таҳти унвонҳои «Ихтироъкори ҷавон» ва «Беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯӣ» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ устодону донишҷӯён, инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Чорабинӣ ҳамзамон ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва Ҳафтаи илм бахшида шуда, бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ оғоз ёфт. Ӯ таъкид кард, ки дар шароити ҷаҳони босуръати тағйирёбанда рушди ихтироъкорӣ ва инноватсия яке аз омилҳои асосии пешрафти иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад. Ба гуфтаи ӯ, зеҳн, дониш ва тафаккури эҷодӣ сарвати воқеии миллат буда, дастгирии ҷавонони ихтироъкор бояд дар меҳвари сиёсати илмӣ қарор гирад.





Зикр гардид, ки донишгоҳ ҳамчун маркази тавлиди идеяҳои нав муҳити мусоиди рушди стартапҳо ва ташаккули ихтироъкорони ҷавонро фароҳам овардааст. Дар солҳои охир муассиса ба дастовардҳои назаррас, аз ҷумла ба даст овардани 26 патент ва татбиқи даҳҳо лоиҳаҳои илмӣ ноил гардидааст.
Ҳамчунин, дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва барномаҳои табодули академӣ, аз ҷумла барномаи Erasmus+, донишҷӯён ва омӯзгорон имкони такмили дониш ва таҷрибаомӯзиро дар донишгоҳҳои пешрафтаи Аврупо пайдо намудаанд. Иштироки фаъоли донишҷӯён дар чорабиниҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Фестивали «100 навоварони ояндаи Созмони ҳамкории Шанхай», нишонаи рушди неруи зеҳнии ҷавонон арзёбӣ гардид.
Ғолибони озмун муайян ва мукофотпулӣ, туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ