Парванда алайҳи собиқ раиси КДАМ дар Қирғизистон

Дар Қирғизистон алайҳи раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба иттилои мақомот, ӯ бо ду иттиҳом, омодагӣ барои ғасби қудрат бо роҳи зӯроварӣ ва сӯиистифода аз мақом муттаҳам дониста мешавад.

Гуфта мешавад, барои Тошиев маҳдудияти сафар ҷорӣ шудааст. Аммо худи ӯ ин иттиҳомҳоро рад карда, изҳор намудааст, ки бегуноҳии худро исбот хоҳад кард.

Ҳамзамон, ӯ аз ҷонибдоронаш хостааст, ки барои ҳимояи ӯ эътироз накунанд ва таъкид кардааст, ки масъала бояд дар доираи қонун баррасӣ шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *