Фолбинӣ бо талаби гӯсфанд дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ як ҳолати машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду ошкор гардидааст.
Ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Сироҷиддин Пошаев, сокини 67-солаи ин ноҳия, ки бо тахаллуси «мулло Сироҷиддин» маъруф будааст, бо истифода аз чорвои майда, аз ҷумла гӯсфанд, ба фолбинӣ, сеҳргарӣ ва ҷодубарорӣ машғул шудааст.
Тавре Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, номбурда дар манзили худ шаҳрвандонро қабул намуда, дар баробари амалҳои фолбинӣ, инчунин дамандозӣ, додани таштоб ва тӯмор анҷом медодааст.
Гуфта мешавад, ки ӯ барои гӯё берун кардани ҷину парӣ аз бадани муштариён аз онҳо чорвои майдаи рангаш сиёҳ, аз ҷумла гӯсфанд, талаб мекардааст.
Ба иттилои манбаъ, ду сокини ноҳия -Солия Рудалиева ва Ҷумагул Култаева ҳангоми бурдани як сар гӯсфанд ба хонаи Сироҷиддин Пошаев аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шудаанд.
Вобаста ба ин ҳолат нисбати гумонбар тибқи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ӯ ба маблағи 6 ҳазору 240 сомонӣ ҷарима гардид.
Ҳамзамон, муштариёни номбурда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ