31 вазифаи холӣ. Ҳукумати шаҳри Дущанбе ба кор даъват мекунад

Ҳукумати шаҳри Душанбе барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ озмун эълон кардаааст.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 20 феврал дар бораи эълони озмун барои ишғоли 31 мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид.

Хоҳишмандони иштирок барои ишғоли мансабҳои сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассиси раёсату шуъбаҳо бояд то 12 март ҳуҷҷатҳои худро ба шаҳрдорӣ пешниҳод карда, ҳамчунин ҳатман маълумоти олии касбӣ ва тибқи талаботи муқарраргардида ба мансаби интихобнамуда собиқаи корӣ дошта бошанд.

Музди меҳнати моҳонаи сармутахассис — 895 сомонӣ, мутахассиси пешбар — 733 сомонӣ  ва мутахассис — 603 сомонӣ  муқаррар шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

8 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *