372 медал дар чор моҳ. Дастоварди варзишгарони Хатлон

Варзишгарони вилояти Хатлон давоми соли равон дар зиёда аз 26 мусобиқа ва чемпионатҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок карда, 372 медал ба даст овардаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021-ум 151 медал зиёд аст.

Қурбонзода Қурбоналӣ, сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки варзишгарони вилояти Хатлон давоми соли ҷорӣ 120 медали тилло, 107 нуқра ва 145 медали биринҷӣ ба даст овардаанд. Ӯ мегӯяд, ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2021-ум варзишгарон дар маҷмуъ 221 медал ба даст оварда буданд.

“Давоми чор моҳи соли 2022 ба хотири коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ миёну наврасону ҷавонон ва ҷалби онҳо ба ҳаёти солим дар умум дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҳудуди вилояти Хатлон 1 ҳазору 350 чорабиниҳои варзишӣ гузаронида шуд, ки шумораи иштирокчиён ба беш аз 33 ҳазору 479 нафар расид. Имсол содиршавии ҷиноят миёни ҷавонон назар ба соли 2021 ба маротиб кам шудааст. Оянда нақша дорем бо бештар кардани чорабиниҳои варзишӣ ва боло бурдани сатҳи огоҳии наврасону ҷавонон содиршавии ҷиноятро ба маротиб кам кунем”,- афзуд ӯ.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.