Таҷлили Иди Қурбон дар Маскав

Идораҳои ҳифзи қонун ва тартиботи Русия рӯзи 1 сентябр гуфтанд, ки теъдоди иштирокдорони таҷлили Иди Қурбон дар Маскав беш аз 200 ҳазор нафар буд. Намозгузории идона дар масҷидҳои пойтахти Русия баргузор шуд.

Барои таҷлили ҷашни мазҳабии мусалмонҳо, баъзе роҳҳоро ба сӯи масҷиди ҷомеъи Маскав масдуд карданд. Имсол Иди Қурбон ба Рӯзи дониш, ё оғози соли нави таҳсил дар Русия мувофиқ омад. Аз ин рӯ, мактаби рақами 2117, ки дар наздикии масҷид ҷойгир аст, оғози таҳсилро ба рӯзи 4 сентябр гузаронд.

Дар Қрими ишғолшуда низ мусалмонҳо маросимҳои идона баргузор карданд. Бинобар таҷлили Иди Қурбон, рӯзи 1 сентябр дар ин минтақа рӯзи истироҳат эълон шуд.

Иди Қурбон, ё Ид ал-Адҳа аз бузургтарин ҷашнҳои мусалмонҳост, ки дар поёни маросими Ҳаҷ ва зиёрати Макка баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *