Тафсилоти куштори сарбози рус дар Қурғонтеппа

 Шаби 31 июли соати 23:30 дақиқаи  соли ҷорӣ дар шаҳри  Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, як сарбози пойгоҳи 201-уми Русия Алексей Буенко ҳангоми авбошӣ кушта шудааст.

 Як манбаъ аз  мақомот ба хабарнигори «Тоҷикистон таймс» гуфт,ки  тарабхонаи“Карина”ҷои  маъруфи фароғатӣ барои низомиёни руси пойгоҳи 201 мебошад ва  қариб ҳар рӯз  онҳо гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ мешаванд ва майнӯши мекунанд. Аҳлиддин  Машрабови-23 сола сокини шаҳри Сарбанд, ки ба ин куштор гунаҳгор гумонбар мешавад,  қаблан  дар шахри Санкт-Петербургд  ҳабс шуда. доғи суди доштааст. Ӯ  бо рафиқонаш дар тарабхонаи “Карина”-и шаҳри Қӯрғонтеппа шаби шанбе соати 23:30 дақиқа нишаста, ба гуфти шоҳидон  4 шиша шароб  менушанд ва ба рақсу бози медароянд.

Аҳлиддин   ҳангоми истодан дар  навбати ҳоҷатхона,ки дар ҳудуди ин тарабхона аст, бо Алексей Буенков-и  37 сола  муноқиша  мекунанд.  Алексей бо дӯстонаш Аҳлиддинро чанд мушт мезананд ва Алексей ба ҳоҷатхона медарояд. Чанд  дақиқа пас Аҳлиддин бо худ корд гирифта, ба ҳоҷатхона даромада,  ӯро аз зери манаҳаш бо корд мезанад.Ҳангоми муноқиша Умед Раҳмонов,  корманди  Агентии зидди маводи мухаддир ин ҳодисаро дида, мехоҳад  сади роҳи  муноқиша шавад ва  онҳоро халос карданӣ мешавад. Аммо Аҳлиддин бо андешаи он,ки ин шахс аз  дӯстони Алексей аст, ӯро ҳам захми мекунад.Ҳангоми Алексей Буенковро  ба беморхонаи марказии  ба номи Б.Воҳидов бурдан  дар  нимароҳ ҷон бохтааст.

Тафтишот сари ин масъала идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *