50 %-и фавтидагон тамокукашҳоянд

Семинари дурӯза дар меҳмонхонаи “VEFA_ S баргузор гашт. Мавзӯи семинар “ Мубориза бар зидди тамоку” буда, он дар доираи рӯзноманигорон ва намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ баргузор гашт. 

Челси Хедквист дар аввали семинар қайд намуд, ки мақсади асосии ҷамъ омадан ва баррасӣ намудани ин мавзӯи муҳим панҷ омили асосӣ мебошад, ки дар ин ҷо нақши ВАО аввалиндараҷа мебошад. Бояд тариқи ҳамагуна воситаҳо ба мардум ҷиҳатҳои зарарнок будани тамоку ба организми онҳо фаҳмонида шавад. Ҳамагонро лозим аст, ки барои кам ва коҳиш додани сатҳи истифодабарагандагони ҳама инсонҳо мубориза баранд, чунки оқибати тамоку бештар ба марг оварда мерасонад. Тадқиқотҳои гузаронидашуда муайян кардааст, ки 50 фисади фавтидагонро истеъмолгарони тамоку ташкил медиҳад.
Ҳамчунин номбурда қайд намуд, ки ба воситаи панҷ омил метавон сатҳи тамокукашҳоро кам намуд. Якум, фаҳмонидани зарар ва оқибатҳои он ба организм , ҷамъ намудани далелҳое, ки аз оқибати тамокукашӣ ба бемориҳои музмин ва гирифтор шудаанд, амалӣ ва роҳандозӣ намудани қонуни манъи фурӯши тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, тарабхонаҳо, кинотеатр ва ғайра , баланд бардоштани андоз барои корхонаҳои истеҳсоли тамоку, исбот намудани оқибатҳои тамокукашӣ мебошад.

Аз тадқиқотҳои нишондода муайян гардид, ки сабабҳои зиёде вуҷуд дорад, ки кӯдакон ва ҷавононро водор месозад, ки ба тамоку даст зананд. Корхонаҳои истеҳсолӣ аз ин маҳсулоти истеҳсолкардаашон фоидаи зиёд ба даст меоранд. Дар қатори онҳо Русия яке аз давлатҳои истеҳсолкунанда маҳсуб меёбад, ки фоида аз тамоку 15 милиард доллар дар як сол мебошад. Суратҳои ҷалбкунанда дар қуттии сигорҳо, бетарафии баъзе волидон ва гирду атроф мебошад. Барои аз байн бурдани маводи зарарнок, яъне тамоку чораҳои зарурӣ, аз ҷумла дар қуттиҳои тамоку инъикос намудани аксҳои даҳшатнок, ё баракс қуттиҳои берангу бесурат, манъ кардани таблиғи тамоку, пинҳони фурӯхтани тамоку, дар қутиҳои партов напартофтани онҳо ва ҷалб нашудани тамокукашҳо шуда метавонад.
Лозим ба ёдоварист, ки тамоку барангезандаи бемориҳои роҳҳои нафас ва дигар увзҳои бадан мебошад, ки дар натиҷаи дуру дароз истифода намудани он инсон ба бемориҳои музмину марговари роҳҳои нафас гирифтор мешавад.

Маҳинаи Давлат 
    

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.