500 000 сомонӣ туҳфаи Исмоил Маҳмадзоир ба паҳлавонҳои тоҷик

20 апрели соли равон варзишгарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо, пас аз иштироки муваффақона дар Чемпионати Осиё–2026, ба Ватан баргаштанд.

Дар маросими расмии истиқбол дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон Шокирзода Муҳаммадтолиб, муовини раиси шаҳри Душанбе Олилзода Дилбар, инчунин намояндагони мақомоти давлатӣ, доираҳои варзишӣ ва ҳаводорони сершумор иштирок намуданд.

Зимни рақобатҳои пуршиддати сатҳи баланди Чемпионати Осиё варзишгарони тоҷик натиҷаҳои назаррас ба даст оварда, обрӯ ва эътибори варзиши миллиро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшиданд:

  • Эмомалӣ Нуралӣ ва Муҳиддин Асадуллоев – медалҳои тилло;
  • Обид Ҷебов ва Сомон Маҳмадбеков – медалҳои нуқра;
  • Мадина Қурбонзода – медали биринҷӣ.

Ҳамзамон, аз ҷониби Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ба ҳар як варзишгари ғолиб туҳфаи пулӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *