Ронанда барои “кокс”-и мошин ва нашри навори он дар интернет боздошт шуд
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти як ронанда бо номи Кароматулло Қурбонов хабар дод, ки ба дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ гумонбар мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ӯ рӯзи 20 апрел бо худрави тамғаи “БМВ” мошинро бо суръати баланд ва аз ҷойи ист якбора ба ҳаракат дароварда, ҳолати хатарноку садамавиро ба вуҷуд овардааст.
Гуфта мешавад, ронанда ҳамзамон бо мақсади худнамоӣ ин амали худро ба навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст.
Нисбати ӯ бо гумони “ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ” парвандаи маъмурӣ оғоз шуда, тибқи қонун барои чунин қонуншиканӣ ҷарима ба маблағи аз 234 то 390 сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ