Муҳаммадбоқир Қолибоф: Эрон таҳти таҳдид бо ИМА музокира намекунад
Раиси парлумони Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф изҳор дошт, ки кишвараш бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шароити таҳдид музокира анҷом намедиҳад.
«Мо таҳти таҳдид музокира намекунем», – суханони ӯро хабаргузории “IRNA” иқтибос овардааст.
Ба гуфтаи Қолибоф, дар ду ҳафтаи охир Эрон «омодагӣ мегирад, то кортҳои нави худро дар майдони набард истифода барад».
Ёдовар мешавем, ки 8 апрел Теҳрон ва Вашингтон дар бораи оташбаси дуҳафтаина эълон карданд. Даври аввали музокирот 11–12 апрел дар Исломобод баргузор шуд, аммо бенатиҷа анҷом ёфт.
Қаблан президенти ИМА Доналд Трамп аз даври нави музокирот хабар дода буд. Ба гуфтаи ӯ, мулоқот бояд дирӯз баргузор мешуд.
Аммо, тавре “IRNA” иттилоъ медиҳад, Эрон аз иштирок дар он худдорӣ кардааст, зеро Амрико ҳанӯз ҳам гулугоҳи Ҳурмузро масдуд нигоҳ дошта, талаботи худро аз ҳад зиёд ва ғайривоқеӣ арзёбӣ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ