500 оилаи Сангистон бо оби тоза таъмин гардиданд
Имрӯз, 11 июл дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон хатти оби нӯшокӣ, ки барои 500 оила пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор гирифт.
“Барои захираи оби тоза ва таъмини доимии мардум дар ҳамаи фаслҳои сол ҳавзи нигоҳдорӣ бо ғунҷоиши 100 метри мукааб бунёд шудааст, ки барои сокинони деҳаи Сангистон туҳфаи арзанда дониста мешавад”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Хатти оби ошомиданӣ тариқи чоҳи амудӣ аз умқи 35 метр ба воситаи обкашҳои махсуси барқӣ бароварда шуда, ба минтақаҳои аҳолинишин, ки дуртар аз саргаҳи он қарор доранд, дастрас карда шуд.
Лоиҳаи хатти оби нӯшокӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқ шудааст ва амалишавии он қадами устувор дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созанда мебошад.
Мавриди зикр аст, ки деҳаи Сангистон аз минтақаҳои сераҳолии ноҳияи Айнӣ ба шумор меравад ва марҳилаи рушду пешрафти он замони солҳои соҳибистиқлолӣ дониста мешавад. Ҳоло шумораи аҳолии ин деҳот, тибқи нишондодҳои оморӣ ба ҳолати моҳи январи соли 2025 ба беш аз 2 ҳазору 475 кас мерасад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ