Ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар ноҳияи Айнӣ

11 июл сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бо ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ оғоз ёфт.

Бунёди иншоот барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳтиром нисбат ба шахсиятҳои барҷастаи миллат сохта шудааст.

Гулгашти Гулназар Келдӣ дар хиёбони Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ доман густурда, масоҳати умумии он бо назардошти иншооти ёрирасон 900 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Иншооти фарҳангию фароғатӣ бо назардошти талаботи меъморию шаҳрсозии муосир бунёд шуда, барои фароғати сокинону меҳмонон омода гаштааст.

Саҳн ва атрофи он бо гулу буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ зебо ва чароғон аст. Суҳбаткадаҳо, айвонча ва дигар инфрасохтори зарурӣ қисмҳои иловагии иншоот буда, доман густурдани он ба ҳусни маркази ноҳияи Айнӣ зебоии дигар зам менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта дар ин ҷо ба дастандаркорон барои тасвири шоистаи шоир дар муҷассама баҳои баланд доданд.

Таъкид шуд, ки дар оянда ин макони сайру сайёҳат ҳамчун маркази баргузории чорабиниҳои адабию фарҳангӣ низ ба мардум хизмат хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *