$ 650 миллион гардиши тиҷорати Тоҷикистон ва Туркия

Гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Туркия аз 100 миллион доллари 6 сол  қабл соли 2015 ба 650 миллион доллар расидааст.  

Ин нуктаро   дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе зимни як ҳамоише  Маҳмуд Эр, раиси Шӯрои тиҷоратии Туркия ва Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон иброз дошт. “Мо талош дорем, ки ҳаҷми онро ба як миллиард доллар расонем”.

Ба гуфтаи Маҳмуд Эр ҷониби Туркия аз Тоҷикистон бештар алюминий,  пахта ва меваҳоро харидорӣ мекунад. Корхонаҳои  зиёди саноатии Туркия ба ин намуди маҳсулот, аз ҷумла пахта ниёз дорад.
Ӯ изҳор дошт, ки  баъди мулоқот бо намояндагони  Вазорати саноат ва технология, рушди иқтисод ва савдо, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар назар аст, ки истеҳсоли гилемҳои туркӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ  карда шавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.