8 доктор ва 61 номзади нави ДМТ

Дар соли 2018 дар шуроҳои диссертатсионии КОА – и назди президенти ҶТ аз ДМТ 10 нафар рисолаи докторӣ ва 61 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд. Дар инбора, ректори ДМТ имрӯз дар нишасти матбуотии ниҳоди тобеъаш ба намояндагони ВАО хабар дод. Гуфта мешавад, ки дар ДМТ айни замон даҳ шурои дифоъ дар назди КОА – и назди президенти ҶТ фаъолият мекунад.

Ҳамчунин, дар ДМТ шуроҳои КОА – и байнидавлатӣ (Русия) фаъолият мекунад, ки дар соли 2018 дар онхо 14 нафар рисолаи докториву 106 нафар рисолиа номзадӣ ҳимоя карданд.

«ДМТ ҳамчунин бо донишгоҳҳои дигар робита дошта, дар базаи мо пажуҳишгарони донишгоҳу муассисаҳои илмии дигар низ рисолаҳои илмии хешро дифо мекунанд. Тайи чанд соли охир 675 нафар пажуҳишгарони беруна дар ДМТ рисола  илмӣ химоя карданд» — гуфт Имомзода М С.

Дар умум 53 фоизи устодони ДМТ унвони илмидор ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *