$8 миллиард сармоягузорӣ. Тоҷикистону Чин дар марҳилаи нави шарикии стратегӣ
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки рӯзҳои 11-14-уми майи соли равон сурат гирифт, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсиву иқтисодии солҳои охир дар муносибатҳои ду кишвар табдил ёфт. Дар доираи ин сафар музокироти сатҳи олии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин баргузор шуда, беш аз 50 санад ба маблағи зиёда аз 8 миллиард доллар ба имзо расиданд. Ин созишномаҳо бахшҳои сармоягузорӣ, саноат, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, энергетикаи “сабз”, инфрасохтори технологӣ ва рушди соҳибкориро дар бар мегиранд.

Чин шарики асосии сармоягузории Тоҷикистон
Дар солҳои охир Чин тадриҷан ба яке аз бузургтарин шарикони иқтисодии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ба иттилои расмӣ, ҳаҷми сармоягузории Чин дар иқтисоди Тоҷикистон ба наздики 6 миллиард доллар расида, аз ин маблағ тақрибан 3,5 миллиард доллар сармоягузории мустақим мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Сарвазири Шурои давлатии Чин Ли Сян чунин таъкид намуд: “Чин барои мо кишвари дӯст, ҳамсояи нек ва шарики боэътимоди стратегӣ боқӣ мемонад”.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, танҳо дар соли 2025 гардиши мол миёни ду кишвар нисбат ба соли 2024 қариб 46 фоиз афзоиш ёфтааст. Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 700 ширкати дорои сармояи чинӣ фаъолият мекунанд, ки дар бахшҳои саноат, энергетика, нақлиёт, сохтмон, кишоварзӣ ва технологияҳои рақамӣ саҳм доранд.
Самти нави ҳамкорӣ
Яке аз самтҳои калидии сафари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Чин тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва иқтисоди рақамӣ буд. Дар шаҳри Пекин форуми байналмилалии “Tajik-China Digital Business Connect” баргузор шуд, ки ба платформаи муҳими муаррифии имкониятҳои рақамии Тоҷикистон табдил ёфт.


Тавре Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, дар доираи форум байни ширкатҳои Тоҷикистону Чин 28 санади ҳамкорӣ ба маблағи 647 миллион доллар ба имзо расиданд. Дар чорабинӣ зиёда аз 120 ширкати бузурги технологии Чин, аз ҷумла Alibaba Group, ByteDance (TikTok), Huawei, Lenovo, BYD ва DeepSeek иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди экосистемаи рақамӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ, марказҳои коркарди додаҳо, ҳукумати электронӣ, рушди стартапҳо, инфрасохтори технологиро баррасӣ карданд.
Ба андешаи коршиносон, ин раванд нишон медиҳад, ки Тоҷикистон мехоҳад дар солҳои наздик аз модели иқтисоди анъанавӣ ба иқтисоди рақамӣ ва инноватсионӣ гузарад.
Ояндаи нави иқтисод
Қисми муҳими сармоягузориҳои нави Чин ба энергетикаи таҷдидшаванда равона шудааст. Яке аз бузургтарин тарҳҳоро ширкати чинии “Watcher Capital” амалӣ мекунад. Роҳбари ширкати мазкур Гао Феи изҳор доштаст, ки “ширкат дар Тоҷикистон лоиҳаҳои бузурги сохтмони нерӯгоҳҳои бодӣ ва офтобӣ, инчунин инфрасохтори энергетикиро ба маблағи тақрибан 1,5 миллиард доллар амалӣ менамояд”.
Тибқи тарҳ, дар Тоҷикистон неругоҳҳои бодӣ ва офтобӣ бо иқтидори умумии 4 гигаватт сохта мешаванд. Инчунин бунёди зеристгоҳи 500-киловолта ва хати интиқоли барқ бо дарозии 400 километр пешбинӣ шудааст. Баъди ба истифода додани иншоот ҳаҷми истеҳсоли солонаи нерӯи барқ то ба 5 миллиард киловатт-соат мерасад.
Коршиносон чунин мешуморанд, ки ин лоиҳаҳо метавонанд Тоҷикистонро ба яке аз марказҳои муҳими истеҳсоли энергияи “сабз” дар минтақа табдил диҳанд.
Саноат ва инфрасохтори нав
Сафари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Чин танҳо бо масъалаҳои сиёсӣ маҳдуд нашуд. Дар доираи музокирот як қатор тарҳҳои бузурги саноатӣ ва сохтмонӣ низ муаррифӣ гардиданд. Ширкати “ZyF Holding” тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлӣ ва коркарди масолеҳи алюминий бунёд намояд. Ҳаҷми сармоягузорӣ ба ин тарҳ тақрибан 80 миллион доллар пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон, ширкати “Shandong Tianhong Technology” нақша дорад, ки истеҳсоли мошинҳои боркаши вазнин ва ядакҳоро дар Тоҷикистон роҳандозӣ намояд. Дар марҳилаи аввал васлкунии мошинҳо ва баъдан истеҳсоли пурраи онҳо пешбинӣ шудааст.

“Чанде пеш ҳайати холдинг ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дода, бо имконияти иқтисодӣ ва фазои сармоягузории кишвар шинос шуданд. Таваҷҷуҳи ширкатро пешрафти босуръати Тоҷикистон дар солҳои охир ва сиёсати пайгиронаи дастгирии соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҷалб намудааст. Ҷониби Чин омода аст дар рушди саноат ва иқтисоди Тоҷикистон саҳми назаррас гузошта, ҳамкории дуҷонибаро минбаъд низ густариш диҳад”,- изҳор доштааст Гонг Чанг Уи, раиси Шурои директорони ширкати «ZyF Holding»-и Чин.
Дар бахши сохтмон низ тарҳҳои бузург пешниҳод шуданд. Ширкати “Шандун Шиҷиа билдинг” омодагии худро барои сармоягузории 150 миллион доллар ҷиҳати сохтмони маҷмааи истиқоматии муосир барои 10 ҳазор нафар эълон кард.

“Лоиҳа дар асоси меъмории муосири чинӣ амалӣ мегардад. Маҷмааи истиқоматии элитӣ 500 ҳазор метри мураббаъ аст. Дар таркиби маҷмаа таваққуфгоҳҳо, кӯдакистон, мактаб, муассисаи тиббӣ ва инфрасохтори иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст.Татбиқи ин лоиҳа ба рушди инфрасохтори шаҳрӣ ва густариши ҳамкории сармоягузорӣ байни Тоҷикистону Чин мусоидат мекунад”,-изҳор дошт Маҷиан Ли, роҳбари ширкати «Шандун Шиҷиа билдинг»-и Чин.

Ширкатҳои дигари маъруфи Чин низ ҳавасманд ва омодаи сармоягузорӣ ба рушди Тоҷикистонанд. Аз ҷумла, Лю Чуану, муассис ва роҳбари ширкати машваратии тиҷоратии «Huahe International»-и Чин гуфт:
– Ширкат солҳои зиёд бо шарикони тоҷик, аз ҷумла «Тоҷинвест» ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад. Самти асосии фаъолияти ширкат сармоягузорӣ, машварати тиҷоратӣ ва мусоидат ба ҳамкории байниминтақавӣ мебошад. Мо намоишгоҳҳо баргузор менамоем ва чанде пеш дар Тоҷикистон низ намоишгоҳи бузурги молҳои Чинро ташкил карда будем. Ҳамасола ҳайатҳои гуногунро ба Тоҷикистон мефиристем ва минбаъд низ баргузории форумҳо, намоишгоҳҳо ва сафарҳои кориро идома медиҳем.
Ширкат ба дастгирии касбии сармоягузорони чинӣ барои вуруди бехатар ва самаранок ба бозори Тоҷикистон ва густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи хоса дорад.

Хуан Бо, раиси Шурои директорони ширкати «TBEA Company Limited»:
– Ширкат тасмим гирифтааст фаъолияти сармоягузориашро дар Тоҷикистон густариш, ҳаҷми лоиҳаҳоро дар соҳаҳои энергетика ва саноат афзоиш диҳад. «TBEA Company Limited» аз соли 2005 инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият мекунад ва дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ҳамаҷониба дарёфт намуд.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Чин ба ширкат боварии иловагӣ бахшид. Инчунин, барои густариши минбаъдаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам меорад.
Мо минбаъд низ фаъолиятамонро васеъ намуда, ҷойи нави кор таъсис медиҳем ва дар рушди иқтисоди Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорем.

Мяо Шэнлян, роҳбари ширкати «Shandong Tianhong Technology»-и Чин:
– Дар Тоҷикистон татбиқи лоиҳаи истеҳсоли мошинҳои боркаши вазнин ва ядакҳо бо ҷалби ширкат дар назар аст.
Дар марҳилаи аввал таъсиси корхонаи васлкунии мошинҳои боркаши вазнин дар Тоҷикистон дар асоси маҷмааҳои KD пешбинӣ гардида, баъдан гузариш ба истеҳсоли пурраи онҳо дар назар аст.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ядакҳо низ марҳила ба марҳила истеҳсол карда мешаванд. Қисме аз ҷузъҳо ва нимтайёрҳо аз Чин ворид гардида, барои васлкунӣ дар қаламрави Тоҷикистон истифода хоҳанд шуд. Дар баробари ин якчанд раванди истеҳсолӣ дар дохили ҷумҳурӣ амалӣ мегарданд. Татбиқи ин лоиҳа ба рушди соҳаи саноат, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири истеҳсолӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва густариши ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Чин мусоидат хоҳад кард.


Эмомалӣ Раҳмон – профессори фахрии Донишгоҳи Пекин
Яке аз рӯйдодҳои рамзии ин сафар супоридани унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон буд.
Бо қарори Шурои илмиву таълимии донишгоҳ ин унвон ба Президенти Тоҷикистон барои саҳм дар таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Чин, рушди робитаҳои илмӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим дода шудааст.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид кард, ки имрӯз наздики 6 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар Чин таҳсил мекунанд ва беш аз 10 ҳазор нафар муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишварро хатм намудаанд.
Коршинон чунин мешуморанд, ки натиҷаҳои сафари давлатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Чин нишон медиҳанд, муносибатҳои ду кишвар аз ҳамкории одии иқтисодӣ ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ мегузаранд.
Имзои созишномаҳои муҳим, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ, энергетикаи “сабз”, саноат ва маориф нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон ва Чин ният доранд муносибатҳои худро дар даҳсолаҳои оянда боз ҳам мустаҳкамтар гардонанд.
Усмон Раҳимзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ