Муҳоҷирони дорои доғи судӣ аз шаҳрвандии Русия маҳрум мешаванд
Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин изҳор дошт, ки назорат бар муҳоҷироне, ки ба Русия меоянд, бояд пурзӯр карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, бояд пеши роҳи кӯч бастани ашхоси дорои мушкилоти ҳуқуқӣ ва ҷинояткорон ба Русия гирифта шавад.
Володин таъкид кард, ки барои шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд дар Русия иқомат кунанд, маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мешаванд. Ӯ гуфт, афроде, ки дар кишвари худ қонуншиканӣ кардаанд ё доғи судӣ доранд, набояд шаҳрвандии Русияро соҳиб шаванд.
Ба гуфтаи Вячеслав Володин, имкониятҳои корӣ бояд барои муҳоҷироне фароҳам бошад, ки қонунҳоро риоя мекунанд ва бовиҷдонона фаъолият мебаранд.
Ӯ афзуд, ки баъзе муҳоҷирон баъди омадан ба Русия низ қонунҳоро вайрон мекунанд ва ин масъала боиси нигаронӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки ахиран Думаи давлатӣ қонун дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар Русияро тасвиб кард. Тибқи қонуни нав, муҳоҷирон ҳанӯз дар Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузашта, изи ангушт месупоранд.
Ҳамчунин, мувофиқи қоидаҳои нав, шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати доштани доғи судӣ метавонанд аз шаҳрвандии Русия маҳрум шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ