Абдулмаҷид Достиев – сиёсатмадор, шоир ва нависандаи тоҷик 80-сола шуд (видео)
Имрӯз, 10 май арбоби давлатӣ, сиёсатшинос, шоир ва нависандаи маъруфи тоҷик Абдулмаҷид Достиев 80-солагии худро таҷлил мекунад.
Абдулмаҷид Достиев 10 майи соли 1946 таваллуд шуда, аз шахсиятҳои шинохтаи арсаи сиёсат ва адабиёти муосири Тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯ соли 1974 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон ва соли 1987 Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкандро хатм кардааст.
Мавсуф дар тӯли фаъолияти худ дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кору фаъолият намуда, дар рушди низоми сиёсии кишвар саҳми назаррас гузоштааст. Аз ҷумла, солҳои 1995-2000 муовини аввали Раиси Шӯрои Олӣ ва муовини якуми Раиси Маҷлиси Олӣ буд. Солҳои 2000-2007 вазифаи муовин ва муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиро ба уҳда дошта, аз соли 2007 то 2014 ҳамчун Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия фаъолият кардааст.
Дар баробари фаъолияти сиёсиву ҷамъиятӣ, Абдулмаҷид Достиев бо тахаллуси Абдулмаҷиди Бохтарӣ ба эҷоди осори манзум, мансур ва публитсистӣ машғул буда, муаллифи чандин китобу таҳқиқот мебошад. Аз ҷумла, китобҳои «Конститутсияи нав — оинаи таҳаввулот дар Тоҷикистон», «Ашки хома», «Ҳизби зодаи масъулият» ва дигар асарҳои ӯ миёни хонандагон маъруфанд.
Ӯ ҳамчунин доктори илмҳои сиёсатшиносӣ буда, барои хизматҳои шоёнаш дар рушди давлатдорӣ ва фарҳанги миллӣ эҳтироми хос дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ