Президенти Тоҷикистон ба Чин сафар мекунад

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонбо  бо сафари серӯзаи давлатӣ вориди Чин мешавад. Ин сафар бо даъвати Президенти Чин Си Ҷинпин  аз 11 то 14-уми май сурат мегирад.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Дар доираи ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои чинияш ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ ва башардӯстонаро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
 
Ҳамчунин, ба иттилои расмӣ, “ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятдошта, аз ҷумла энергетика “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ” мубодилаи афкор хоҳанд кард.

“Инчунин, баррасии вазъи минтақа ва таҳкими ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди таҳдидҳои муосир дар доираи робитаҳо дар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ аз мавзуъҳои меҳварии музокирот аст”, – иттилоъ додааст  Вазорати корҳои хориҷӣ.

Дар назар аст, ки  зимни сафари Президенти Тоҷикистон ба Чин чанд санади ҳамкорӣ низ ба имзо расанд.

Ёдовар мешавем, ки  пеш аз ин сафар, рӯзи 9-уми май дар Қасри миллат мусоҳибаи рӯзноманигори Агентии иттилоотии “Синхуа”-и Чин бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

Ба навиштаи дафтари матбуоти Пезиденти Тоҷикистон, зимни ин мусоҳиба Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои хабарнигор атрофи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин, муколамаи сатҳи олӣ ва баланди ду давлат, дастовардҳои асосии Созмони Ҳамкории Шанхай, робитаҳои Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчуби ин созмон, самараи иқдоми муштараки бунёди “Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим”, вазъи амну субот ва рушд дар минтақаву ҷаҳон, тавсеаи робитаҳои гуманитарии ду кишвар, аз ҷумла дар Марказҳои Конфутсий ва Коргоҳи Лю Бани Чин дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ посух додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *