Қадами хайру мубораки Наврӯз

Наврӯзи оламафрӯзро кормандони шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказии Раёсати Вазорати корҳои дихилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо руҳияи баланди идона истиқбол намуданд. Ба ин муносибат субҳи 26 март саҳни боғи бинои Раёсат чун шаҳраки Наврӯзи ороста шуда, кормадони мақомоти милитсия, фарзандони онҳо ва собиқадорони соҳа ҷашни Наврӯзи аҷамро бо фараҳмандии зиёд иттифоқу мутантан ҷашн гирифтанд.

Наврӯзи ҳомиёни назму тартибот бо риояи суннатҳои наврӯзӣ суфраҳои ҳафтсину, ҳафтшин, намоиши асбобҳои қадима, ҳунарҳои мардумӣ ва даҳҳо дигар расму оинҳои хоси иди аҷдодӣ сурат гирифт. Таомҳои миллӣ суманак, оши палав, оши бурида, дангича ва дигар хуришҳои миллӣ бо тамъу маззаи дилкаш омода гардида хони наврӯзиро зеб доданд.

Акбар Шарифов
капитани милитсия

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *