“Агар…” – гуфтугӯи рӯҳонии падару писар

Аз пайроҳа то шоҳроҳ

“Шом парда ба рӯйи рӯшноӣ мекашид. Баъд аз суҳбати тӯлонӣ бо падар қалби Толибхон андаке таскин ёфт. Бори аввал буд, ки авроқи зиндагиашро як ба як варақ зад, лаҳзаҳои шукуфоӣ, сукутҳои тӯлонӣ, бурдҳо ва бохтҳоро пеши назар овард. Албатта ин роҳ ноҳамвор буд ва ҳамвор ҳам буда наметавонист, чунки, агар роҳи эҷодкор тахту ҳамвор бошад, ӯ наметавонад аз пайроҳа шоҳроҳ бунёд кунад… Ногоҳ дар хотираш оҳанге бедор шуд. Оҳанге, ки маънии зиндагии ӯ буд, мисли муноҷот, мисли дуо…”.

Ин пора аз китоби нави журналист ва публитсисти шинохтаи тоҷик Шарифи Ҳамдампур бо номи “Агар…” мебошад, ки ба зиндагиномаи ду бастакори барҷастаи тоҷик – Зиёдулло Шаҳидӣ ва писараш Толибхон Шаҳидӣ бахшида шудааст. Китоб як навъ гуфтугӯи рӯҳонии падару писар буда, саволи марказии он “Агар…” тарозуи ботиниест, ки бо он инсон роҳи тайкардаашро месанҷад.

Маросими рӯнамоии китоб бо иштироки аҳли илму адаб ва фарҳангу ҳунар дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гашта, дар маҳфил ҳамчунин меҳмонон аз Амрико, Русия ва дигар кишварҳои хориҷӣ ширкат доштанд.

Китобе, ки хотираи таърихии миллатро зинда месозад

Сайфиддинзода Камолиддин Шарофиддин, директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба маҳфил ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар бораи хизматҳои шоёни Толибхон Шаҳидӣ дар рушди санъати мусиқии касбии тоҷик ва нақши китоби “Агар…” дар муаррафии ин композитори мумтоз сухан гуфт.

Пас аз ин, адабиётшиноси маъруф Абдунабӣ Сатторзода, профессор Муҳиба Ёқубова, духтари зиндаёд Пӯлод Толис оҳангсоз Лола Толис, раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбек Мӯсоев, журналист ва публитсист Наҷмиддин Шоҳинбод, ҳамсари Толибхон Шаҳидӣ – Гулсифат Шаҳидӣ ва дигар меҳмонони олиқадр назарашонро дар боби арзиши маънавии китоб ва ҷойгоҳи он дар адабиёти муосири тоҷик баён намуданд. Зикр карда шуд, ки ҳарчанд романи “Агар…” ба ҳаёту эҷодиёти ду бастакори маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ ва Толибхон Шаҳидӣ бахшида шуда бошад ҳам, ҳадафи муаллиф танҳо бозгӯйи достони зиндагии падару писар набуда, дар он қиссаҳои ҷолиб дар бораи чеҳраҳои дигари саршиноси фарҳанг, адабиёт ва олами мусиқии тоҷик гирд оварда шудаанд, ки ба хотираи таърихии миллат табдил ёфтаанд.

Толибхон Шаҳидӣ Амрико ва Аврупоро бо мусиқии тоҷик ошно кард

Дар чорабинӣ ҳамчунин дирижёри маъруфи амрикоӣ Хобарт Эрл иштирок намуда, назарашро дар боби арзиши маънавию бадеии асарҳои Толибхон Шаҳидӣ ва нақши оҳангсоз дар муаррифии мусиқии тоҷик дар Аврупо ва Амрико баён кард. Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки ин оҳангсози маъруфи тоҷик натанҳо дар рушди мусиқии миллӣ нақши бориз дорад, балки дар мусиқии ҷаҳонӣ низ саҳми арзандаи худро гузоштааст. Туфайли асарҳои таъсирбахши Толибхон Шаҳидӣ дӯстдорони мусиқӣ дар Арвупо ва Амрико аз муъҷизаи мусиқии тоҷик бохабар ва шефтаи санъати тоҷик гаштаанд.

Базми сухан ва савту наво

Дар рафти чорабинӣ пораҳо аз симфонияҳо ва асарҳои Толибхон Шаҳидӣ дар иҷрои ҳунармандони Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ садо доданд.

Журналистони ҷавон Лайло Қараева ва Юсуфҷон Искандаров пораҳои ҷолибро аз китоби “Агар…”-и Шарифи Ҳамдампур қироат намуданд.

Муъҷизаи оҳанги Толибхон Шаҳидӣ

Аммо қуллаи баландтарини маҳфил садо додани асари машҳури Толибхон Шаҳидӣ “Дуо” дар иҷрои муаллифи оҳанг буд, ки тамоми толорро ба по хезонд ва тамошобинон онро бо мавҷи кафкӯбиҳои бардавом истиқбол гирифтанд.

Заҳмати ҳампешаро ҳампеша медонад

Беҳуда нагуфтаанд:

Заҳмати ҳампешаро ҳампеша медонад, ки чист,

Зӯри дасти кӯҳканро теша медонад, ки чист.

Заҳмати эҷодкорро танҳо он нафаре баҳо дода метавонад, ки худ роҳпаймои ин ҷода бошад ва бо чӣ талоше ба даст омадани ганҷи маънавиро хуб бидонад. Аз ин лиҳоз, мо бо ду нафар эҷодкорон ҳамсуҳбат гашта, назари онҳоро оид ба эҷодиёти Толибхон Шаҳидӣ ва китоби тозанашри журналисти шинохта Шарифи Ҳамдампур пурсон шудем.   

Амирбек МӮСОЕВ, раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон:

Толибхон Шаҳидӣ композитори сатҳи байналмилалист

– Рӯзи 21-уми май дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷашни 80-солагии оҳангсози маъруфи тоҷик Толибхон Шаҳидӣ баргузор мегардад. Бояд бигӯям, ки Толибхон Шаҳидӣ ва падари бузургворашон зиндаёд устод Зиёдулло Шаҳидӣ дар рушди санъати мусиқии тоҷик хеле нақши бориз доранд. Толибхон Шаҳидӣ натанҳо композитори тоҷик, балки композитори сатҳи байналмилалӣ мебошад. Бузургтарин хизмати ин оҳангсози чиррадаст дар он аст, ки мусиқии миллии мо – шашмақом ва оҳангҳои халқиро бо мусиқии муосири Ғарб синтез намуда, ба ҷаҳон пешкаш кардааст. Асарҳои Толибхон Шаҳидиро дар Аврупо, Амрико ва дигар қатъаҳои олам мухлисони зиёде бо камоли майл гӯш мекунанд ва ба эҷодкораш таҳсину офарин мехонанд. Тавассути ин оҳангҳо ҷаҳониён бо муъҷизаи мусиқии тоҷик ошно гаштаанд. Инъикоси пайроҳаи зиндагии ин оҳангсози бузург дар китоби “Агар…”-и журналист ва публитсисити маъруфи тоҷик Шарифи Ҳамдампур як дастоварди бузург ва хизмати арзанда барои фарҳанг ва санъати миллӣ мебошад.

Наҷмиддин ШОҲИНБОДОВ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон:

“Агар…” шоистаи пешниҳод намудан ба ҷоизаҳои баланд аст

– Боре аз нависандаи маъруфи рус Лев Толстой хоҳиш кардаанд, ки дар бораи яке аз оҳангсозони замонаш асаре нависад. Толстой як ҳафта фикр карда, ҷавоб додааст, ки “ман омодаам “Ҷанг ва сулҳ”-ро аз нав нависам, вале дар бораи мусиқӣ китоб навишта наметавонам”. Воқеан, дар бораи мусиқӣ ва оҳангсоз асар эҷод кардан хеле душвор аст, зеро аз адиб натанҳо маҳорати суханварӣ, балки дониш ва дарки баланди мусиқиро низ тақозо мекунад. Аз ин нигоҳ, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии оҳангсози маъруфи тоҷик Толибхон Шаҳидӣ асар эҷод кардани дӯсти ҳамқалами мо, журналисти шинохтаи тоҷик Шарифӣ Ҳамдампур дастоварди бузург аст. Ман китобро ба пуррагӣ хондам, ростӣ аз лиҳози касбият хеле боарзиш ва арзандаи пешниҳод ба ҷоизаҳои баланд аст. Бояд бигӯям, ки ин китоби аввалини силсилаи “Ҳаёти одамони наҷиб” нест, Шариф Ҳамдампур қаблан низ дар боби зиндагӣ ва кору пайкори шахсиятҳои саршиноси миллат, аз ҷумла аллома Бобоҷон Ғафуров, журналисти шаҳир Муродулло Шерализода ва дигар чеҳраҳои намоён, ки барои фарҳанг ва маънавиёти миллати тоҷик хизматҳои шоён намудаанд, асарҳои боарзиш эҷод кардааст. Ман ба муаллифи китоб ва қаҳрамони “Агар…” комёбиҳои беназирро таманно дорам, зеро чунин шахсиятҳо хотираи зиндаи миллатанд.

Навое, ки бо сарнавишти маънавии миллат пайванд аст

Композитори нобиға Людвиг ван Бетховен қайд карда буд, ки «мусиқӣ бояд аз қалби инсон оташ бигирад ва ба ақлу эҳсосоти ӯ роҳ ёбад”. Толибхон Шаҳидӣ аз зумраи чунин эҷодкорони ангуштшумори тоҷик мебошад, ки асарҳояш аз сармчашмаи мусаффои дили оҳангсоз ҷӯш зада, бо сарнавишти маънавии миллат мепайванданд ва китоби “Агар…” достонест, ки натанҳо пайраҳаи зиндагии як оҳангсоз, балки роҳи тайкардаи санъати мусиқии навини тоҷикро бозгӯ мекунад ва шебу фарозҳои ин роҳи пурифтихор дар китоби “Агар…”-и Шарифи Ҳамдампур хеле равшану возеҳ таҷассум ёфтааст. Умедворем, ки ин асар ба китоби рӯйимизии донишҷӯёни Консерватория, Донишкадаи санъат ва дигар ҳунаристонҳои кишвар табдил ёфта, хонандагони закӣ ва нуктасанҷ низ розу ниёзи олами ҳунар ва розҳои ниҳони қалби зебопарасти ин марди сар то ба по ҳунарро бо мутолиаи ин асар барои худ кашф месозанд.

Ф. САТТОРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *