БМТ лоиҳаи озмоишии андозбандии соҳибкорони инфиродиро шарҳ дод

Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки лоиҳаи озмоишӣ дар самти андозбандии соҳибкорони инфиродӣ ба амалиёти интиқоли маблағ байни шахсони воқеӣ, аз ҷумла байни аъзои оила, хешу табор ва дигар шаҳрвандон, ки хусусияти тиҷоратӣ надоранд, дахл надорад ва чунин амалиёт андозбандӣ карда намешавад.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳадафи асосии лоиҳаи озмоишӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ, содагардонии равандҳои андозбандӣ ва рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мебошад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур меъёри андоз барои соҳибкорони инфиродӣ аз 6 то 3 фоиз паст карда шуда, ҳисобкунии андоз ба таври худкор амалӣ мешавад.

Ҳамзамон, бо мақсади ҳавасмандгардонии истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ қисми муайяни ин меъёр, яъне 1 фоиз ба харидор (пардохткунанда) баргардонида мешавад (кешбэк).

Бонки миллии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки истифодаи ҳамёнҳои электронӣ, кортҳои бонкӣ ва дигар воситаҳои муосири пардохт бехатар буда, ҳифзи сирри бонкӣ пурра таъмин карда мешавад.

Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон ва соҳибкорон хоҳиш карда мешавад, ки ба маълумоти тасдиқнашуда бовар накарда, танҳо ба иттилооти расмии мақомоти ваколатдор такя намоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ барои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои молиявӣ ва таъмини суботи низоми бонкӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Дар мавриди пайдо гардидани саволҳо вобаста ба масъалаи мазкур шаҳрвандон метавонанд ба ташкилоти қарзии молиявӣ ё ба телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон бо рақами 44-600-15-20 муроҷиат намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *